ЭМОМОВ КАРИМҶОН ФАЙЗИДИНОВИЧ

Муовини директори Институт оид ба масъалаҳои умумӣ

 

16 апрели соли 1979 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли  2001   Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисоси муҳандис химик-технолог хатм кардааст.

 

Солҳои 2001-2008

Лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Солҳои 2003-2006

Аспиранти Институти химияи ба номи

В.И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Солҳои 2008-2010

Иҷрокунандаи вазифаи муовини Директор оид ба масъалаҳои умумии  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Аз июни соли 2008 то ҳоло

Муовини Директор оид ба масъалаҳои умумии  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 Дорандаи дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ мебошад.