Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат оид ба мушкилоти об дар асоси далелҳои муътамади илмӣ ва мушоҳидаҳои амиқ хулосабарорӣ гардида, баҳри рафъи мушкилоти умумибашарӣ нигаронида шудаанд. Маҳз дар асоси ин иқдомот бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи мушкилоти об чаҳор қатънома қабул намуд, ки
нишонаи баланди эътироф ва далели раднопазири мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Илова бар ин, бо ташаббуси Пешвои миллат масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо ва инчунин, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масоили марбут ба об ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.