Нусхаи чоаи

  Соли 2009 зимни баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйир­ёбии иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дош­танд: «Тоҷикис­тонро метавон намунаи сайёра шуморид, зеро дар ҳудуди на он қадар бузурги кишвари мо қариб тамоми минтақаҳои иқлимиро бо тафриқаи ҳарорати аз 50 дараҷа гармӣ то 60 дараҷа сардӣ дучор омадан мумкин аст. Чунин шароит барои ташкил намудани мушоҳидаҳои пайвас­та ба иқлим ва гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин соҳаи муҳим заминаи хуб аст. Мувофиқи ақидаи олимон, таҳқиқи танҳо пир­яхи Федченко, ки яке аз пиряхҳои калонтарини олам мебошад, имкон медиҳад тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот, бешубҳа, дар рушди илми ҷаҳонӣ оид ба иқлим нақши муҳим хоҳанд бозид».

  Вобаста ба ин масъала бо директори Инс­титути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон Ориф Амирзода ҳамсуҳбат шудем.

­- Назаратонро оид ба ҷанбаҳои илмии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён кунед.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мушкилоти соҳаи обу иқлим дар муддати на чандон тӯлонӣ дар сатҳи байналмилалӣ нуфузу эҳтиромашро баланд бардошт. Ин ташаббусҳо дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъолу ташаб­бускор муаррифӣ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устуворро тавассути ин иқдомоти беназир дар ин самт собит намуд.

Захираҳои об ва вазъи пиряхҳо, ки манбаи асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, зери таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ва рушди саноат дар миқёси ҷаҳон рӯз то рӯз бо ­суръати баланд коҳиш меёбанд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба мушкилоти об ва пиряхҳо бо роҳи осон не, балки дар асоси далелу мушоҳидаҳои амиқу илман асоснокшуда ва талошу заҳматҳои зиёду тӯлонӣ роҳандозӣ гардида, куллан ба рафъи мушкилоти инсоният нигаронида шудаанд. Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки масъалаҳои вобаста ба ин мушкилот ба қатори дигар таҳдиду хатарҳо, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, арзёбӣ мегардад.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, ки дар идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ афзалияти аввалиндараҷа доранд, инчунин дигар масоили марбут ба обу иқлим ва бахусус масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид намудаанд, ки он яке аз дастовардҳои муҳими чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар таърихи рушди инсоният саҳифаи наверо илова хоҳад намуд.

Зарурияти пешниҳоди ташаббусҳои Пешвои миллат аз зуҳуроти муаммоҳои глобалӣ, аз қабили ангезиши офатҳои табиӣ, босуръат обшавии пиряхҳо, нестшавии гуногуншаклии биологӣ ва ҳодисаи биёбоншавӣ маншаъ мегирад. Пешвои миллат тавонистанд, ки ба туфайли ташаббусҳояшон ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли муаммоҳои глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим ва раванди обшавии пиряхҳо, ҷалб намоянд.

- Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Мехостем суҳбатро дар бобати ин иқдоми муҳим идома диҳем.

- Воқеан, боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик аст, ки 14 — уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамовозии 153 кишвари олам ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардид.

Бояд зикр намуд, ки ташаббуси навбатӣ аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, он нодир арзёбӣ мегардад, чунки дар қатори эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин аз соли 2025 сар карда, ҳамасола дар саросари олам 21-уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад. Барои маблағгузории ҳифзи пир­яхҳо дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид фонди махсус таъсис дода шуд. Ҳамзамон барои натиҷагирии ташаббуси мазкур соли 2025 дар пойтахти кишвар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пир­яхҳо баргузор хоҳад гардид.

Аз ташаббусҳои Сарвари давлат бармеояд, ки тағйирёбии глобалии иқлим ва дигар масоили экологии ҷаҳони муосир ба захираҳои об таъсир ва хатари бузург дошта, на танҳо ба захираҳои гидрографӣ, балки ба тамоми сарватҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, баҳри бартараф сохтани ­масъалаҳои ҳалталаби умумибашарӣ чораҳои аввалиндараҷаро андешидан зарур аст, ки яке аз онҳо кам кардани партовҳои саноатӣ (газҳои гармхонаӣ, аэро­золҳо), таъсироти инсонсириштӣ ва истеҳсоли «энергияи сабз» (неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза) мебошад. Бояд зикр кард, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикис­тон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» ба қатори шаш мамолики пешсафи сайёра шомил гардида, истеҳсоли ин навъи энергия дар кишвар 98 фоизро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Назари олимону мутахассисон ва коршиносони масоили мавриди назар роҷеъ ба омӯзиши пиряхҳо чӣ гуна аст ва дар ин бобат кадом корҳо анҷом меёбанд?

640d0d14-5e92-4e3f-8373-df456d19a159-unnamed-4-

- Дар асоси иқдомоти Пешвои миллат дар сох­тори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, инчунин Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис дода шудааст, ки таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро дар самти идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об, инчунин оид ба ҳолати обшавии пиряхҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҳақиқат пиряхҳои Тоҷикис­тон мавзеи нотакрор ва майдони нодире ҳастанд, ки таҳқиқоти муштараки байналмилалиро тақозо менамоянд. Мусаллам аст, яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами имрӯза, ки аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таъсири тағйир­ёбии глобалии иқлим ба ҳолати пир­яхҳо мебошад. Бахусус тағйир­ёбии иқлим дар экосистемаҳои кӯҳӣ ба масоҳати пиряхҳо таъсири манфӣ расонидааст. Таҳдиди махсуси таъсири мазкур бештар ба минтақаи кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд, зеро минтақа дар маркази қитъаи замин ҷойгир буда, ҳамчунин минтақаи хушкӣ ба ҳисоб рафта, аз намнокии уқёнусу боришоти атмосферӣ нисбатан кам мебошад. Тағйирёбии иқлим ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз камчин будани боришот дар давраи тобис­тон ва обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии дарёҳо ба ҳисоб мераванд, бештар таъсир мерасонад.

Маҳз бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, то имрӯз беш аз 1000 пирях об шудааст. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои кишвар то 20-25 фоиз кам мешавад. Аз таҳлилҳои гидрометереологии 50 соли охир бармеояд, ки ин тамоюл на танҳо боиси камшавии масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо, балки ба афзудани офатҳои табиии марбут ба шароити гидрометеорологӣ оварда расонида истодааст.

Дар Тоҷикистон 8 ҳазору 500 пирях мавҷуд аст, ки он 6 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар кишвар дар ҳаҷми 64 км3 захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Мутобиқи ҳисобҳои пешакӣ то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ то 15-20 фоизро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамагӣ 20 фоизи миқдори оби дар ҳудуди кишвар ташаккулёфта ё ин ки 10 фоиз ҷараёни бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Аралро истифода мебарад ва аз ин миқдор қариб 40 фоиз оби аз сарчашмаҳо гирифташуда боз бо ҳавзаҳо бармегардад. Аз ин лиҳоз, аз сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво то солҳои 2030 — 2050 бо андозаи 1 — 20С, талаботи растаниҳоро ба об то 10 — 15 фоиз зиёд мегардонад.

- Дар бораи тадқиқоти муштараки илмӣ оид ба обшавии пир­яхҳо мухтасар маълумот медодед.

- Омӯзиши раванди пайдошавии пиряхҳо ва вобастагии динамикии таҳаввулу таназзули онҳо аз тағйир­ёбии иқлим яке аз масъалаҳои муосири илм ҳисобида мешавад ва ҳамкориҳои муштаракро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, бо мақсади омӯзиш ва таҳқиқи динамикаи тағйир­ёбии пиряхҳои Помир, Помири Ғарбӣ соли 2022 олимони Институти ­мас­ъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо олимон ва мутахассисони Институти географияи Академияи илмҳои Федератсияи Россия таҳқиқоти муштаракро оид ба таърихи пайдоиши пиряхҳо дар Помир ва дигар системаҳои кӯҳии Тоҷикистон оғоз намуданд. Ҳадаф аз таҳқиқоти муштарак муайян намудани синну соли мутлақи яхбандии Помир ба ҳисоб меравад.

Умуман мавҷудияти об дар сайёраи Замин наздики 71 фоиз буда, масоҳати он то 361,13 млн. км2 ва ҳаҷмаш 1400 млн. км3 баҳо дода мешавад Аз ин миқдор дар ҳаҷми 96,5 фоиз ба уқёнусҳо, 1,7 фоиз ба обҳои зеризаминӣ, 1,7 — ба пиряхҳо ва кӯҳҳои Антарктида ва Гренландия, қисми начандон калон ба дарёҳо, кӯлҳо ва ботлоқҳо рост омада, оби абрҳо бошад, 0,001 фоиз баҳо дода мешавад. Қисми зиёди оби замин намакдор буда, барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ ва таъминоти оби ошомиданӣ ғайриимкон мебошанд, ва миқдори оби ошомиданӣ 2,5 фоиз баҳо дода шуда, аз ин миқдор 98,8 фоизи онҳоро пиряхҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. Камтар аз 0,3 фоизи оби ошомиданӣ дар дарёҳо, кӯлҳо ва ҳавои атмосфера мавҷуд буда, 0,003 фоизи он дар таркиби организмҳои зинда маҳфуз мебошанд.

Таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши вазъи пиряхҳо ва обҳои зеризаминӣ барои шароити кишвари кӯҳсорамон муҳим буда, заминаи хеле мусоид барои оғози таҳқиқоти муштараки байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Масоили мавҷудаи марбут ба омӯзиши пиряхҳо, роҳҳои илман асоснокшудаи ҳифзи онҳо, инчунин таҳқиқи оби зеризаминӣ дар шароити Тоҷикистон олимони соҳаро вазифадор менамояд, ки дар асоси консепсияҳои ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои илмию техникии соҳавӣ ҳалли онҳоро илман асоснок пешниҳод намоянд.

Вобаста ба ин масъалаҳои муб­рам олимону коршиносон барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта таъмини иҷрои вазифаҳои зеринро тақозо менамоянд:

- мониторинги пайвастаи тарози ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон ва таҳияи каталоги пиряхҳо;

- омӯзиш ва таҳқиқи динамикаи тағйирёбии пиряхҳо ва арзёбии ҳамасолаи боришоти барф дар шароити Тоҷикистон ва таъсири он ба маҷрои дарёҳо;

- таҳқиқот оид ба аз нав арзёбии захираҳои обҳои зеризаминӣ бо назардошти ҳолати экологии ­ҳудудҳо ва коркарди чорабиниҳо оид ба истифодаи самараноки онҳо;

- таъмини рушди механизми институтсионалӣ, аз қабили рушди инфрасохтор, қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани иқтидори соҳаи комплекси хоҷагии об;

- коркард ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии сарфакорона истифода намудани захираҳои об, баланд бардоштани маҳсулнокии он ва беҳтарнамоии вазъи экологӣ дар сатҳи минтақа;

- таҳия ва дар амал иҷро намудани барномаҳои илмӣ ва илмию амалӣ дар ҳудуди ҳавзаи дарёҳои байнидавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷалби институтҳои илмӣ-тадқиқотии минтақа ва сатҳи байналмилалӣ.

Обшавии пиряхҳо сол то сол афзуда, таъсири манфии тағйирёбии иқлим бештар мегардад. Ин раванд босуръат идома дорад ва ба табиат ва вазъи иҷтимоии мардуми сайёра бетаъсир намемонад, хавфи офатҳои табиӣ бештар мегардад. Ҳоло ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа баланд шудааст ва кӣ медонад, ки он то кадом дараҷа баланд хоҳад гардид? Ин нуктаҳо зимни омӯзиш ва тадқиқоти пиряхҳо бояд дар мадди назар бошад.

Мусоҳибон

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

https://sadoimardum.tj/i-tisod/obshavii-piryah-o-zarurat-baroi-tad-i-oti-mushtaraki-ilm/