Имрӯз дар толори Шурои Диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҷаласаи васеи илмӣ баргузор гардид, ки дар он баррасии масъалаҳои калидии рушди устувори соҳаи энергетикаи кишвар пешнмҳод нардидаанд.
Мавзӯъ: Сенарияҳои гидро-ангиштӣ ва оптимизатсияи тавозуни захираҳои энергетикии Тоҷикистон.
Маърузачӣ: Раҳмонов Шарифхуҷа Сайвалиевич
Дар ҷараёни маъруза сенарияҳои гуногуни истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва ангиштӣ таҳлил гардида, роҳҳои беҳтар намудани тавозуни истеҳсол ва истеъмоли энергия дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талаботи иқтисодӣ пешниҳод шуданд. Хусусан, аҳамияти банақшагирии стратегӣ барои таъмини амнияти энергетикӣ, коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои беруна ва рушди «энергетикаи сабз» таъкид гардид.
Иштирокчиён натиҷаҳои таҳқиқотро муҳокима намуда, пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати татбиқи онҳо дар сиёсати энергетикии кишвар ироа карданд. Ҷаласа ҳамчун платформаи муҳими мубодилаи дониш ва таҷриба барои олимон, мутахассисон ва намояндагони соҳа арзёбӣ гардид.
Ин гуна чорабиниҳо саҳми арзанда дар рушди илм, инноватсия ва таҳкими иқтидори энергетикии Тоҷикистон мегузоранд.
Last modified on Ҷумъа, 13 Феврал 2026