Имрӯз, 10 ноябр дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи наву замонавии сифати об ва экология муҷаҳаз бо технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, то таҳқиқ ва санҷиши илмӣ оид ба сифати об, таркиби химиявии он, омилҳои ифлоскунанда ва таъсири онҳо ба муҳити зист бо сатҳи баланди илмӣ анҷом дода шаванд. Ин иқдом барои густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди устувор аҳамияти муҳим дорад.
Зикр гардид, ки таъсиси чунин озмоишгоҳ қадами ҷиддӣ дар роҳи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология ва идоракунии захираҳои об мебошад. Бо роҳандозии ин маркази илмӣ муҳаққиқон метавонанд таҳқиқоти дақиқ, муқоисавӣ ва мониторингии доимии сифати обро анҷом дода, натиҷаҳои илмиро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки таъсиси чунин озмоишгоҳҳои муосир дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қисме аз сиёсати илмиву инноватсионии давлат буда, ба татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст.
Ҳадаф аз таъсиси чунин пойгоҳҳои илмӣ таҳкими иқтидори техникиву таҳлилӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти муҳаққиқон, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмии ватании дорои аҳамияти амалӣ ва ворид намудани дастовардҳои навини илмӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад.
Ин иқдом ҳамзамон ба густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи илм, такмили таҳқиқоти илмӣ дар самти тағйирёбии иқлим, экологияи об ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ зикр гардид, ки дар соли 2025 ин 9- умин озмоишгоҳ мебошад, ки Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои илмии зертобеъ ва таъмини шароити муносиб барои фаъолияти таҳқиқотии олимон, онҳоро бо таҷҳизот ва лавозимоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз менамояд.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи мазкур бо зиёда аз 20 номгӯйи таҷҳизоту технологияҳои муосири илмӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки дар ин марказ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои гуногуни обшиносӣ, гидроэнергетика, экология ва ҳифзи муҳити зист бо сатҳи баланди илмӣ ва техникии муосир амалӣ гарданд.