Нусхаи чоаи

  Санаи 30 апрели соли 2025 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ семинари илмӣ баргузор гардид, ки ба он барои гузаронидани лексия ноиби президенти фахрии ICID, раиси AFWG & CDTE-WG-ICID, профессор аз Ҷумҳурии Арабии Миср доктор Муҳаммад А.С. Ваҳба даъват шуданд. Семинари мазкурро директори институт, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода А.А. оғоз намуда, доктор Муҳаммад А.С. Ваҳбаро барои ташрифашон хайрамақдам намуд.

  Доктор Муҳаммад А.С. Ваҳба дар мавзуи “Муқаддима ба дренажи кишоварзӣ” ва “Татбиқи системаҳои дренажӣ” баромад намуданд.

Дар баромади худ профессор дар бораи мушкилиҳои ҷойдошта дар соҳаи ирригатсия дар аксари давлатҳои ҷаҳон суханронӣ намуд. Ғайр аз ин, пешниҳодҳо барои беҳтар гардонидани ирригатсия пешкаш намуда, оид ба натиҷаҳои пешакӣ ва самаранокии онҳо, фоидаи онҳо ба амнияти озуқавории кишварҳо сухан ронд. Дар анҷоми семинари мазкур ходимони илмӣ ва олимони институт дар бораи нозукиҳои ирригатсия  ба доктор Муҳаммад А.С. Ваҳба саволҳо дода, ба саволҳои худ ҷавобҳои муфид гирифтанд.

Директори институт Гулаҳмадзода А.А. ва ходимони илмӣ ба профессор барои лексия ва баромади хуб миннатдории худро баён намуда, барои ҳамкориҳои оянда даъват намуданд.

Last modified on Якшанбе, 04 Май 2025