Санаи 5 октябри соли равон дар толори Шӯрои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии нақшаҳои инфиродии ходимони илмии Институт, ҷаласаи умумӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ходимони илмӣ корҳои иҷронамудаи худро дар нуҳ моҳи соли 2026 ба роҳбарият ва кормандон тариқи презентатсия пешкаш намуданд.
Рохбарият баромадҳои ироагардидаро натиҷагирӣ намуда, доир ба камбудиву норасоиҳои мавҷуда ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки ходимони илмӣ дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ба натиҷаҳои илмии назаррас ноил гарданд.
Last modified on Ҷумъа, 09 Октябр 2026