Нусхаи чоаи
 2 ноябри соли 2026, дар доираи баргузории чорабинии «Дарҳои кушод» дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишҷӯёни курси якуми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба институт ташриф оварданд.
Зимни боздид донишҷӯён бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии институт, самтҳои асосии фаъолияти он, инчунин имконияту дастовардҳои озмоишгоҳҳои илмӣ шинос шуданд.
  Кормандони институт ба меҳмонон оид ба самтҳои таҳқиқотӣ дар соҳаи захираҳои об, гидроэнергетика, ҳифзи муҳити зист, мониторинги сифати об, моделсозии равандҳои гидрологӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, донишҷӯён бо таҷҳизоти муосири озмоишгоҳҳо ва усулҳои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ шинос гардида, ба саволҳои худ посух гирифтанд.
 Чунин ташаббусҳо барои баланд бардоштани маърифати илмӣ, тақвияти робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва ташаккули шавқу рағбати онҳо ба фаъолияти илмӣ мусоидат менамоянд.
  Институт минбаъд низ омода аст, ки дар самти рушди ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои шиносоии донишҷӯён аз дигар донишгоҳҳо бо дастовардҳои илми муосир саҳм гузорад.