Нусхаи чоаи
  Экспедитсия ва корҳои саҳроии муштараки илмии олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ
Моҳи августи соли 2026 олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷо бо олимони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи Питшарт, Помири Шарқӣ экспедитсияи илмӣ ва корҳои саҳроиро анҷом доданд.
  Ҳадафи асосии таҳқиқот омӯзиши саҳми обшавии барф ва обшавии хокҳои яхбаста (грунтҳои яхбастаи бисёрсола) дар ташаккули маҷрои дарё дар ҳавзаи баландкӯҳе буд, ки дар он пиряхҳо мавҷуд нестанд.
  Дар ҷараёни экспедитсия сенсорҳои гидрологӣ ва экологӣ бомуваффақият насб карда шуданд. Ин таҷҳизот ба олимони ИМОВГЭ АМИТ ва ДОМ имкон медиҳад, ки бори аввал дар Тоҷикистон бо чунин сатҳи дақиқӣ динамикаи гидрографи ҳавзаи баландкӯҳи бе пиряхро назорат намоянд. Ҷамъоварии маълумот бо фосилаи 30 дақиқа ва 1 соат дар давоми тамоми сол анҷом дода мешавад.
Системаи таъсисдодашудаи мушоҳидаҳои дарозмуддат ва баланддақиқ имкон медиҳад, ки раванди яхбандӣ ва обшавии хокҳо дар Помири Шарқӣ ва таъсири онҳо ба ташаккули маҷрои дарё омӯхта шавад. Дар оянда ҳавзаи Питшарт дар ВМКБ метавонад ба як пойгоҳи муҳими илмӣ барои олимон ва донишҷӯёне табдил ёбад, ки саҳми криосфераро дар ташаккули маҷрои дарёҳои кӯҳӣ меомӯзанд.
Муҳаққиқон дар якчанд нуқтаҳо дар самти градиенти баландии кӯҳҳо сенсорҳои ҳарорати хокро насб намудаанд. Ин таҷҳизот имкон медиҳанд, ки чуқурӣ ва суръати яхбандӣ ва обшавии хок дар давоми сол пайгирӣ карда шавад.
  Дар баландиҳои 4500–4800 метр аз сатҳи баҳр таҳқиқоти геофизикӣ гузаронида шуд.
  Моҳи августи соли 2026 ба ҳайати гурӯҳи экспедитсионӣ мутахассисони соҳаи геология низ ҳамроҳ шуданд. Бо истифода аз таҷҳизоти махсуси геофизикӣ барои таҳқиқоти электрикӣ панҷ профили геофизикӣ дар баландкӯҳ гузаронида шуд. Ин таҳқиқот имконият доданд, ки маълумоти аввалия оид ба сохтори қабатҳои зеризаминии минтақа, аз ҷумла ҷойгиршавӣ ва чуқурии хокҳои яхбаста, ба даст оварда шавад. Гирифтани чунин маълумот бо истифода аз усулҳои анъанавӣ ниҳоят душвор мебошад.
  Олимони ИМОВГЭ АМИТ ва ДОМ дар водии дурдасти баландкӯҳи бе пиряхи ҳавзаи Питшарт дар ВМКБ пойгоҳи нодири илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис доданд. Ин минтақа махсус барои омӯзиши он интихоб шудааст, ки обшавии барф ва обшавии хокҳои яхбаста ва обшавии пиряхҳо, чӣ гуна ба ташаккули маҷрои дарёи кӯҳӣ таъсир мерасонанд.
Дар оянда натиҷаҳои мониторинг метавонанд барои қабули қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок дар самти идоракунии захираҳои об, обёрӣ ва рушди гидроэнергетика дар минтақаҳои баландкӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.
  Гузаронидани бомуваффақияти экспедитсия натиҷаи муҳими ҳамкории илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад ва барои ташкили низоми дарозмуддати мониторинги криосфера ва захираҳои обии Помири Шарқӣ қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
Last modified on Душанбе, 17 Август 2026