Ҷаласаи имрӯза, олимон, коршиносони минтақавӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушдро гирди ҳам овардааст, то яке аз муҳимтарин масъалаҳои минтақа - идоракунии ҳамгироёна, ва устувори захираҳои обро баррасӣ намоянд.
Дар Осиёи Марказӣ таъсири тағйирёбии иқлим, рушди иқтисодӣ ва афзоиши талабот ба об мушкилиҳоро миёни бахшҳои обёрӣ, гидроэнергетика, таъминоти коммуналӣ ва ниёзҳои экологӣ бештар мегардонад. Ҳамзамон, обҳои зеризаминӣ, бо вуҷуди аҳамияти калидӣ доштанашон, ҳанӯз ҳам дар банақшагирӣ ва сиёсати давлатҳо ба таври кофӣ ба назар гирифта намешаванд.
Аз ин рӯ, Форум ба масъалаи идоракунии муштараки обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ дар доираи васеи равиши NEXUS диққати махсус медиҳад.
Муҳим он аст, ки ин танҳо як муҳокимаи техникӣ нест. Инчунин сухан дар бораи идоракунӣ, ҳамкории минтақавӣ, ниҳодҳо, маблағгузорӣ, мубодилаи дониш ва нақши наслҳои оянда, аз ҷумла ҷавонони мутахассис ва занони коршинос меравад.
Умедворем, ки мубоҳисаҳои форуми имрӯза ба таҳкими муколамаи минтақавӣ ва пешниҳоди ғояҳои амалӣ барои ҳамкориҳои минбаъда дар ҳавзаҳои Сирдарё ва Амударё мусоидат хоҳанд кард.





