Нусхаи чоаи

  25 июни соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бо Донишгоҳи миллии тадқиқотии “Институти муҳандисони соҳаи обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи ш.Тошканд” Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар ҳуҷҷати мазкур мақсадҳои ҷонибҳо барои гузаронидани таҳқиқоти илмии дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ташкили мубодилаи академӣ инъикос ёфтаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба идоракунии захираҳои об, омӯзиши захираҳои байналмилалии об ва рушди устувор зоҳир карда мешавад.

Ин ҳамкорӣ робитаҳои илмиро тақвият бахшида, таҳияи роҳҳои ҳалли муштаракро дар соҳаи экология ва ҳифзи захираҳои об мусоидат хоҳад кард.

Last modified on Панҷшанбе, 25 Июн 2026