Нусхаи чоаи

 Аз 20 то 24 марти соли 2023 дар Дафтари кории Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе, барои муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон як мастер-класси «Илм барои дипломатия» баргузор гардид.

  Чорабинӣ ба навиштан ва нашри мақаҳолаҳои илмӣ дар оянда, дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ бахшида шуда буд. Дар мастер-класс ду корманди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон, ходими илмии лабораторияи «Иншооти гидротехникӣ» Наврўзшоев Ҳофиз ва корманди шуъбаи «Ҷустуҷў ва татбиқи лоиҳаҳо» Фатуллоева Зарина иштирок намуданд.

Омўзгорони мастер-класс/Workshop устодони Донишгоҳи Оулу Бёрн Клове ва Илҳом Солиев буданд, ки принсипҳо ва хусусиятҳои асосии омодасозӣ, навиштан ва шаклбандии мақолаҳои илмиро ба забони англисӣ мутобиқи талабот ва намунаҳои мавҷудаи байналмилалӣ баён намуданд.

Дар раванди кори мастер-класс ҳар як иштирокчӣ мақолаи илмии худро муаррифӣ намуда, дар шакли презентатсияҳои кўтоҳ маърўза намуданд. Дар охири ҳар як баромади иштироккунандагон суҳбату мубоҳисаҳо ташкил карда мешуданд, ки ин имкон дод, ҳам ҷиҳатҳои мустаҳками ҳар як тадқиқот ва ҳам камбудиҳо ошкор карда шаванд. Иштироккунандагони музокира барои беҳтар намудани натиҷаҳои гузориши тадқиқоти илмӣ тавсияҳо доданд.

Бояд қайд намуд, ки далели мусбати кори чорабинӣ дар он буд, ки омўзгорон дар мастер-класс ба кори инфиродӣ бо ҳар як иштирокчӣ аҳамияти зиёд доданд. Маҳз ҳамин равиш аз ҷониби иштирокчиён пазируфта шуд, ки имкон дод, то имконоти пешниҳоднамудаи созмондиҳандагон беҳтар аз худ карда шаванд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён шаҳодатномаҳои тасдиқкунандаи иштироки онҳо дар мастер-класс, инчунин тамосҳои омўзгорон барои кори минбаъда оид ба мақолаҳои илмии худ супурда шуданд.

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон барои соҳаҳои мухталифи бахши об кадрҳои илмӣ омода намуда, ҳамасола магистрон, аспирантон ва докторантон (PhD) онро хатм менамоянд.

Ба андешаи мо, иштироки ҳамкасбонамон дар чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки дар самти омода таълифи мақолаҳои илмӣ барои нашр дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ таҷриба ва дониши арзишманд ба даст орем ва инчунин, барои рушди илм ва ҳамкориҳои илмии байни кишварҳо, ҷамъиятҳои илмӣ ва бо ҳамкасбони чӣ аз Тоҷикистон ва чӣ аз хориҷи наздику дур замина мегузорад.

Мо бо камоли хушнудӣ ба созмондиҳандагони ин чорабинӣ – Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе изҳори сипос менамоем.

Фатуллоева Зарина

Наврузшоев Ҳофиз

Last modified on Душанбе, 01 Май 2023