Нусхаи чоаи
  25 июли соли 2026 кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия: мушкилот ва дурнамо», ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (ш. Бустон) баргузор гардид, иштирок намуданд.
  Дар ҷараёни форум масъалаҳои муҳими омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисию техникӣ, таҳкими ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот, рушди таҳқиқоти илмии амалӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва коҳиш додани таъсири истеҳсолот ба муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
  Иштироки намояндагони Институт дар ин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корхонаҳои саноатӣ, инчунин мусоидат ба татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот равона гардида, барои рушди устувори соҳаҳои саноат, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ аҳамияти муҳим дорад.
 
Last modified on Сешанбе, 28 Июл 2026