28–29 октябри соли 2026 дар Маркази конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Бангкок Конфронси панҷуми вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Шоҳигарии Таиланд ташкил карда шуд. Дар он намояндагони 30 давлати узв, муассисаҳои СММ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Қабл аз конфронс иҷлосияи 30-уми Кумитаи машваратии байниҳукуматӣ оид ба Барномаи минтақавии истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувор баргузор гардид.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд доктори илмҳои техникӣ, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Гулаҳмадзода Аминҷон намояндагӣ намуд. Ӯ бо супориши Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҳамчун намояндаи ваколатдори Академия дар чорабиниҳои мазкур иштирок кард.
Мулоқот бо Котиби иҷроияи ЭСКАТО
Дар ҳошияи конфронс Аминҷон Гулаҳмадзода бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи ЭСКАТО, Хонуми Олимақом Армида Салсиа Алисахбана, мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ӯ барои дастгирии пайвастаи ЭСКАТО аз ташаббусҳо ва ҳамкориҳои Тоҷикистон изҳори сипос намуда, махсусан саҳми хонум Алисахбанаро дар баргузории форуми «Об ва хавфҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» қадрдонӣ кард. Форуми мазкур аз ҷониби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ташкил шуда буд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва минтақавиро дар самтҳои идоракунии захираҳои об, мониторинги пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи технологияҳои кайҳонӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ба муносибати мулоқот Аминҷон Гулаҳмадзода ба хонум Армида Салсиа Алисахбана маҷмӯаи сангҳои нимқиматбаҳои Тоҷикистонро ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром тақдим кард.
Муаррифии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳодҳои ҳамкориҳои минтақавӣ
Дар доираи банди рӯзномаи конфронс таҳти унвони «Истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои ояндаи устувор ва фарогир тавассути таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ» Гулаҳмадзода Аминҷон бо баёни мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Ӯ таъкид кард, ки мушоҳидаҳои моҳвораӣ, зондкунии фосилавии Замин ва зеҳни сунъӣ барои мониторинги захираҳои об, омӯзиши ҳолати пиряхҳо, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.
Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон се самти афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ пешниҳод гардид:
1. Ташкили ташаббуси минтақавӣ оид ба мониторинги моҳвораии захираҳои об ва пиряхҳо. Ин ташаббус метавонад мониторинги пиряхҳо, қабати барф, ҷараёни дарёҳо, обанборҳо ва арзёбии дастрасии захираҳои обро фаро гирад.
2. Таҳияи низоми ҳамгирои минтақавии огоҳонии барвақт аз офатҳои иқлимӣ ва вобаста ба об. Низоми мазкур ба истифодаи муштараки тасвирҳои моҳвораӣ, маълумоти обуҳавошиносӣ, моделҳои рақамии релеф ва маълумоти мониторинги воқеӣ такя намуда, метавонад ба баланд бардоштани омодагии кишварҳо ба офатҳои табиӣ мусоидат намояд.
3. Васеъ намудани дастрасӣ ба маълумоти моҳвораӣ, таҳкими таҳқиқоти муштараки илмӣ ва рушди иқтидори кадрӣ. Ин самт махсусан барои муассисаҳои илмӣ ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла давлатҳои кӯҳистон, аҳаммияти калон дорад.
Дар анҷоми баромад таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст таҷрибаи илмӣ, дониш ва имкониятҳои худро дар самти омӯзиш ва идоракунии захираҳои об бо кишварҳои минтақа мубодила намояд. Ҳамзамон, дастрасии одилона ба технологияҳои кайҳонӣ ва маълумоти моҳвораӣ, новобаста аз имкониятҳои техникӣ ва молиявии кишварҳо, омили муҳимми рушди устувор арзёбӣ гардид.
Инъикоси таҷрибаи Тоҷикистон дар нашрияи ЭСКАТО
Дар доираи конфронс ЭСКАТО нашрияи «Таҷрибаҳои геофазоӣ барои рушди устувор дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ — 2026: Маҷмӯа»-ро муаррифӣ намуд. Нашрия 100 намунаи таҷрибаи минтақавиро дар бар гирифта, аз ҷумла таҷрибаи Тоҷикистонро дар самтҳои зерин инъикос мекунад:
Инъикоси таҷрибаи Тоҷикистон дар чунин нашрияи минтақавӣ аҳаммияти истифодаи маълумоти геофазоӣ ва технологияҳои муосирро дар идоракунии хавфҳои табиӣ ва рушди устувор нишон медиҳад.
Натиҷаҳои конфронс ва дурнамои ҳамкориҳо
Конфронс бо қабули Эъломияи вазирони Бангкок оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором ба анҷом расид. Эъломия ба марҳилаи сеюми Нақшаи амалиёти минтақавӣ барои солҳои 2026–2030 замина гузошта, нақши мушоҳидаи Заминро дар татбиқи чораҳои иқлимӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва идоракунии устувори захираҳои об таъкид менамояд.
Иштироки намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи баланд барои муаррифии имкониятҳои илмии кишвар, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои истифодаи технологияҳои кайҳонӣ, омӯзиши пиряхҳо, идоракунии захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заминаи мусоид фароҳам меорад.