Ҷаласаро муҳтарам Амонзода И.Т. оғоз намуда, суханро ба директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор барои пешкаш намудани ҳисобот оид ба фаъолияти илмии институт дар семоҳаи сеюми соли 2025 дар назди ҳозирин пешкаш намуд. Дар рафти ҳисобот, ӯ дар бораи натиҷаҳои корҳои илмӣ, дастовардҳои ба даст оварда шуда ва дигар натиҷаҳои лоиҳаҳо ва фаъолияти илмии институт суханронӣ намуд.
Баъд аз ироаи ҳисобот аз тарафи Амонзода И.Т. ва ҳозирин музкирот ва пешниҳодҳо оид ба боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти институт пешкаш гардида, ҳисоботи 9-моҳаи Институтро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.