Нусхаи чоаи

Мактуби иттилоотӣ

Ҳамкорони гиромӣ!

  Шуморо барои иштирок дар кори Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028” ва 20-солагии таъсисёбии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 5 – 6-уми октябри соли 2022 баргузор мегардад, даъват менамоем.

  Барои иштирок дар кори конференсия олимону коршиносони соҳаҳои захираҳои об, иншооти гидротехникӣ, гидрометеорология, гидроэнергетика, экология, бехатарии ҳаёт ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин аспирантҳо, докторантҳо (PhD) ва магистрҳо даъват карда мешаванд.

  Ҳадафи асосии конференсия мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба маҳсуб меёбад.

  Маводҳои конференсия дар сомонаи https://www.imoge.tj/ ҷойгир карда шуда, дар нашри махсуси маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ интишор меёбанд.

 Мавзуъҳои асосии кори конференсия: 

  • Истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим;
  • Муносибатҳои муосири ҳифзи захираҳои об аз ифлосшавӣ ва технологияҳои тозакунии оби нущокӣ;
  • Ҳамкориҳо дар соҳаи об ва таъмини ҳадафҳои рушди устувор;
  • Рушди гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
  • Иншооти гидротехникӣ ва бехатарии онҳо;
  • Истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва масъалаҳои марбут ба об;
  • Масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо;
  • Ҳодисаҳои хатарноки табиӣ ва идоракунии хатари офатҳои марбут ба об;
  • Асосҳои илмӣ ва таълимии рушди иқтидор дар соҳаи хоҷагии об;
  • Таҷдиди таърихии ташаккули ландшафтҳо ва иқлими Осиёи Марказӣ бо мақсади дурнамо ва рушди устувор.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Шакли иштирок дар конференсия: ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн).

Барои иштирок дар кори конференсия хоҳиш карда мешавад, ки то санаи 25 сентябри соли 2022 ба Кумитаи тадорукот (ИМО,ГЭ ва Э АМИТ, ш. Душанбе, к. Айни 14а, ё бо суроғаи электорнии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.) дархости бақайдгирӣ ва матни мақолаҳоро дар ҳаҷми то 10 саҳифаи ҳуруфи компютерӣ, ирсол намоед.

Дархост барои иштирок:

Насаб

 

Ном

 

Номи падар

 

Вазифа  

 

Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ

 

Номи маърӯза

 

Навъи маърӯза (шифоҳӣ, бе маърӯза, иштироки ғоибона)

 

Иштирок дар реҷаи: ҳузурӣ ё маҷозӣ

 

Номи пурраи ташкилот

 

Суроғаи почтавии ташкилот

(бо индекси почта)

 

Тел. / факси ташкилот

 

Тамос  

Тел.    

e-mail 

 

Талабот ба мақолаҳои илмӣ

 Мақолаҳо бояд дорои индекси УДКкалидвожаҳо ва аннотатсия бо забонҳои русӣ ва англисӣ бошанд. Сохтори мақола дар шакли зерин бошад: қисми мухтасари муқаддимавӣ бо ифодаи дақиқ ва тавсифи масъалаи мавриди баррасиқарордодашуда, қисми мазмунӣ, хулосаҳои мушаххасе, ки аз маводи пешниҳодшуда бармеоянд ва феҳристи адабиёти истифодашуда.

 Матн бидуни дефис, ба паҳнои саҳифа мувофиқ карда, шрифти Times New Roman, андоза 14, фосилаи байни сатр 1, ҳошия аз 4 тараф 2 см. Рақамҳои римӣ бо ҳуруфи англисӣ чоп карда мешаванд.

 Ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд гурӯҳбандӣ карда шаванд ва як объекти графикиро ифода намоянд. Ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд ном дошта бошанд. Маълумоти рақамӣ дар шакли ҷадвал пешниҳод карда мешавад. Ҳар як ҷадвал бояд рақами пайдарай дошта бошад. Рақамгузории ҷадвалҳо пайваста бошад. Ихтисороти калимаҳо дар ҷадвалҳо иҷозат дода намешавад, ба истиснои воҳидҳои ченак. Қимати ададии бузургиҳо дар ҷадвалҳо ва матн бояд дар Системати байналмилалии воҳидҳо (ҳатмӣ) нишон дода шаванд.

 Истинодҳо дар қавси мураббаъ оварда шаванд, мисол [3].

Намуна:

УДК 626.81

ЗАХИРАҲОИ ОБИ ТОҶИКИСТОН

Давлатшоев С.Қ.

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Тел: (+992 37) 2222320; E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Дар мақолаи мазкур...

Калидвожаҳооб, дарё, кӯл ...

 

In the paper …

Keywords: water, river, lake …

 

Матни мақола, матни мақола, матни мақола, матни мақола, матни мақола, матни мақола…

Адабиёт

(бо тартиби алифбо, эзоҳҳо дар поварақ иҷозат дода намешавад) 

 

Масъулият барои эътимоднокӣ ва таҳрири илмии маводи пешниҳодшуда ба зиммаи худи муаллифон гузошта шудааст.

Маълумот барои тамос:

Барои иштирок дар конференсия ва баррасии маколаҳо ба кумитаи тадорукоти конференсия муроҷиат намоед:

This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Телефонҳо барои тамос: (+992) 93-728-72-72; 93-474-88-66; 919-33-77-42.

Умедворем ҳамкориҳоро густариш медиҳем.

КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ КОНФЕРЕНСИЯ

Last modified on Душанбе, 08 Август 2022