Ҳадафи омӯзиш баланд бардоштани иқтидори мутахассисон барои гузаронидани арзёбии ҳамаҷонибаи вазъи экологӣ, муайян намудани хатарҳо ва осебпазирии ҳавзаҳои обҷамъшавӣ ва заминҳои обёришаванда дар ноҳияҳои кӯҳии ВМКБ буд.
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиён бо усулҳои (Integrated Habitat Assessment – IHA) ва (Hazard and Vulnerability Risk Assessment – HVRA), ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти саҳроӣ, истифодаи GPS ва Google Earth Pro, инчунин таҳияи харитаҳои арзёбӣ шинос шуда, малакаҳои амалии худро такмил доданд. Дар корҳои саҳроӣ ҳолати манбаъҳои об, каналҳои обёрӣ, иншооти хурди гидротехникӣ, хок, наботот ва омилҳои таъсири фаъолияти инсон арзёбӣ гардид.
Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ Гулахмадзода Аминҷон Абдучаббор, зимни мулоқот бо роҳбарият ва профессорони UCA аҳамияти рушди ҳамкориҳои илмӣ, иҷрои таҳқиқоти муштарак ва табодули таҷрибаи мутахассисонро таъкид намуд. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ изҳор карданд.
Дар натиҷа, омӯзиш барои таҳкими иқтидори илмӣ ва касбии мутахассисон, беҳтар намудани мониторинги муҳити зист ва фароҳам овардани заминаи илмӣ барои идоракунии устувори захираҳои обу замин дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.