Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025), аз тарафи нашриёти «Дониш»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон монографияи ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ, номзади илмҳои техникӣ Наврӯзшоев Ҳ.Д. ва сарходими илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Фазылов А.Р., таҳти унвони «Таъсири ҳолати муосири яхбандиҳо ва кӯлҳои баландкӯҳ ба ташаккули маҷрои дарёҳо (Помири ҷанубу ғарбӣ, Тоҷикистон)» («Влияние современного состояния оледенения и высокогорных озёр на формирование стока рек (Юго-Западный Памир, Таджикистан») ба нашр расид.
Монографияи мазкур аз 5 боб – «Пиряхҳо – асоси захираҳои оби Тоҷикистон», «Яхбандии ҳавзаи дарёи Ғунд ва таъсири он захираҳои оби минтақа дар шароити тағйирёбии иқлим», «Тадқиқоти глятсиологӣ. Системаи мушоҳидавӣ. Методология ва технологияҳои муосир», «Ҳолати муосири кӯлҳои баландкӯҳи ҳавзаи дарёи Ғунд» ва «Тавсияҳо оид ба татбиқи натиҷаҳои тадқиқот» иборат буда, зимни таълифи он муаллифон аз 190 сарчашмаи илмӣ истифода намудаанд.
Монографияи «Таъсири ҳолати муосири яхбандиҳо ва кӯлҳои баландкӯҳ ба ташаккули маҷрои дарёҳо (Помири ҷанубу ғарбӣ, Тоҷикистон)» натиҷаи пажӯҳиши маҷмӯии равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ, дар мисоли ҳавзаи дарёи Ғунд буда, тадқиқот бо истифода аз усулҳои муосири зондкунонии фосилавӣ ва инчунин, мушоҳидаҳои саҳроии бевосита дар кӯлҳову пиряхҳои ҳавзаи мазкур анҷом дода шудааст..
Монографияи Наврӯзшоев Ҳ.Д. ва Фазылов А.Р. дар асоси маълумотҳои шаш соли охир доир ба тағйирёбии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии ҳавзаи дарёи Ғунд рӯйи чоп омада, дар он оид ба ҳаҷми тавозунии пиряхи №457, динамикаи кӯлҳои пиряхӣ ва амсиласозии рахнашавии онҳо ба таври муфассал маълумот дода шудааст.
Ҳаҷми тавозунии пиряхи №457 нишондиҳандаи хеле муҳим буда, афзоиш ё коҳишёбии ҳаҷми яхро инъикос мекунад ва барои таҳлили тамоюлоти бисёрсолаи тағйирёбии иқлими минтақа ҳамчун манбаи арзишманди маълумот хизмат менамояд.
Динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ низ барои экосистемаҳо, бехатарии манотиқи аҳолинишини поёноб нақши муҳим дошта, амсиласозии сенарияи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ имкон медиҳад, ки пайомадҳои эҳтимолӣ пешгӯӣ карда шаванд ва инчунин, тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти фалокатбор таҳия гарданд.
Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои бадастомада аз омӯзишу пажӯҳиши ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳои баландкӯҳи ҳавзаи дарёи Ғунд маълумоти арзишманди илмӣ буда, барои таҳияи стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар минтақаҳои баландкӯҳ, дар мисоли ҳавзаи болозикр бағоят муҳиманд.
Ҳамин тавр, монографияи «Таъсири ҳолати муосири яхбандиҳо ва кӯлҳои баландкӯҳ ба ташаккули маҷрои дарёҳо (Помири ҷанубу ғарбӣ, Тоҷикистон)» дар доираи фаъолияти муштараки Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва Маркази омузиши пиряхҳои АМИТ таълиф гардида, натиҷаҳои онро метавон дар соҳаҳои метеорология, гидрология, глятсиология, бехатарии иншоотҳо ва ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда ба таври васеъ истифода намуд.
Last modified on Чоршанбе, 18 Март 2026