Гуфта шуд, ки дар як соли сипаригашта аз ҷониби кормандони илмии Институт 362 корҳои илмӣ (нисбат ба соли 2024-ум 85 адад зиёд), аз ҷумла 5 монография (нисбати соли 2024-ум 5 адад зиёд), 5 воситаи таълим (дастури таълимӣ) (нисбати соли 2024-ум 2 адад зиёд), 1 китоб (нисбати соли 2024-ум 1 адад зиёд), 78 мақолаҳои илмӣ (нисбати соли 2024-ум 40 адад зиёд), аз ҷумла 26 мақола дар хориҷи кишвар (24 Scopus) (нисбати соли 2024-ум 20 адад зиёд), ва 52 мақола дар маҷаллаҳои илмии дохили кишвар (нисбати соли 2024-ум 17 адад зиёд), 6 патент (нисбати соли 2024-ум 3 адад кам), ва 6 пешниҳоди ариза барои дархости патент гардида, дар зиёда аз 62 конфронсҳо, семинарҳо ва тренингҳо (нисбати соли 2024-ум 25 адад кам), аз ҷумла 47 конференсияҳои байналимилалӣ ва ҷумҳуриявӣ (нисбати соли 2024-ум 23 адад зиёд), ширкат варзиданд. Ҳамчунин ходимони илмӣ 15 мақолаи илмӣ-оммавӣ рӯйи чоп оварданд ва дар тарғиби донишҳои илмӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо 55 маърӯза (нисбати соли 2024-ум 5 адад зиёд), (35-то шабакаҳои телевизионӣ ва 20 баромади радиоӣ) ширкат варзидаанд.
Сипас, аз ҷониби Рохбарияти АМИТ ҳисоботи ироагардидаро натиҷагирӣ намуда, доир ба камбудиву норасоиҳои мавҷуда ибрози андеша намуданд. Қайд гардид, ки мо бояд дар соли оянда фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институт- ро хуб ба роҳ монда ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардем.



