Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимиро бо шарикони минтақавӣ идома медиҳад.
Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мулоқоти корӣ бо намояндагони Донишгоҳи политехникии Ҷизах баргузор гардид, ки ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти таҳқиқоти илмӣ, табодули академӣ ва омодасозии кадрҳо равона шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориро баррасӣ намуданд, аз ҷумла: ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рақамисозии идоракунии захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ин ҳамкорӣ ба таҳкими иқтидори илмии кишварҳо ва пешбурди ҳалли устувор дар самти об ва экология дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Last modified on Якшанбе, 03 Май 2026