Ҷаласаи корӣ барои баррасии Ташаббуси минтақавии идоракунии обҳои зеризаминӣ (RGWMI), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (SDC) амалӣ карда мешавад, бахшида шуд. Ҳадафи ин ташаббус вокуниш ба мушкилоти афзояндаи марбут ба истифодаи оқилона, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар минтақа мебошад. Барнома ба натиҷаҳои лоиҳаи қаблан амалишудаи GGRETA асос ёфтааст ва қисми ҷудонашавандаи барномаи Швейтсария Blue Peace Central Asia буда, ба таҳкими амнияти об ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ нигаронида шудааст.
Дар рафти муҳокима афзалиятҳои асосии ташаббуси RGWMI, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ, такмил додани системаҳои идоракунии обҳои зеризаминӣ ва мониторинг, таҳкими иқтидори илмию техникӣ, тавсеаи табодули маълумот ва дониш, инчунин дастгирии ислоҳот дар соҳаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ баррасӣ шуданд.
Дар ин вохурӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи аҳамияти обҳои зеризаминӣ, хатарҳои камшавӣ ва ифлосшавии он, инчунин аҳамияти ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ба равандҳои идоракунии устувори об таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки нақши муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ташаккули заминаи илмӣ асоснок, гузаронидани тадқиқоти амалӣ, рушди ҷузъҳои таълимию тарбиявии ташаббус, инчунин дар омода намудани маводи таҳлилӣ ва методӣ дар ин ҳамкорӣ махсусан таъкид гардид.
Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии тарафайнро барои идомаи муколама ва рушди шаклҳои эҳтимолии ҳамкории Институт дар доираи татбиқи ташаббуси минтақавӣ тасдиқ намуданд.


