Нусхаи чоаи
  Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар МАВЗУИ «ТАЪСИРИ ФАРСОИШИ ҶАРАЁНИ САХТ БА РӮЙПӮШИ ДОХИЛӢ ВА МУҲИТИ АТРОФИ НАҚБҲО» баргузор гардид.
  Дар ҷараёни семинар масъалаҳои марбут ба арзёбии таъсири ҷараёни сахт ба устуворӣ ва дарозумрии иншооти нақбсозӣ, инчунин роҳҳои баланд бардоштани эътимоднокии инфрасохтори гидротехникӣ дар шароити кӯҳистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
  Семинар ҳамчун майдони мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва муҳокимаи касбӣ миёни мутахассисони соҳаи гидротехника, геологияи муҳандисӣ ва сохтмон хизмат намуд.