Нусхаи чоаи
  Дар таърихи давлатҳо марҳилаҳое мавҷуданд, ки на танҳо сарнавишти як миллатро муайян мекунанд, балки ҷойгоҳ ва нуфузи онро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ ташаккул медиҳанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин марҳила аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ оғоз ёфта, имрӯз ба давраи пешбурди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид расидааст.
Қабули ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар доираи Созмони Милали Муттаҳид идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи кишвар мебошад. Ин ташаббус бозгӯи эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди ғояҳои сулҳ, муколамаи созанда ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
  Ин санади байналмилалӣ на танҳо дастоварди муҳими дипломатияи тоҷик, балки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими эътимод миёни кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсӣ, тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати маҷбурӣ ва рақобатҳои геополитикӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи таҳкими сулҳ ба яке аз афзалиятҳои стратегии ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳатто давлатҳои дорои имкониятҳои бузурги иқтисодӣ ва ҳарбӣ низ аз таҳдидҳои глобалӣ эмин нестанд. Низоъҳои маҳаллӣ метавонанд ба буҳронҳои васеъ табдил ёфта, ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсир расонанд. Дар чунин шароит сулҳ бояд на танҳо ҳамчун набудани ҷанг, балки ҳамчун шарти асосии рушди устувор, амнияти инсонӣ ва пешрафти ҷомеаҳо арзёбӣ гардад.
Маҳз ҳамин фаҳмиши васеъ аз мафҳуми сулҳ дар меҳвари ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Агар дар гузашта таваҷҷуҳи асосӣ бештар ба ҳалли низоъҳои баамаломада равона мешуд, имрӯз зарурати гузариш ба дипломатияи пешгирикунанда, таҳкими эътимод ва пешгирии сабабҳои пайдоиши низоъҳо бештар эҳсос мешавад.
Дар ин замина, ташаббуси Тоҷикистон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ - ташаккули фарҳанги сулҳ ва пешгирии буҳронҳо равона шудааст. Он ба таҳкими ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳифзи сулҳу суботи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии худро бар пояи принсипҳои эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳалли мусолиматомези масъалаҳои баҳснок, таҳкими эътимод ва рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба ба роҳ мондааст.
Маҳз дар доираи ҳамин сиёсати созанда Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардид. Ташаббусҳои кишвар дар самтҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Ташаббуси эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии ҳамин раванд мебошад. Агар ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон бештар ба масъалаҳои захираҳои табиӣ, муҳити зист ва рушди устувор равона гардида бошанд, ташаббуси нав арзиши бунёдии инсоният «сулҳро ҳамчун асоси рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ» пеш мегузорад.
Яке аз омилҳои муҳиме, ки ба ташаббуси Тоҷикистон аҳамияти хос мебахшад, таҷрибаи воқеии кишвар дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол бо мушкилоти СИЁСӢ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёт, сохтори давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расонд.
Бо вуҷуди ин, тавассути музокироти фарогир, гузаштҳои мутақобила ва иродаи сиёсӣ имкони расидан ба сулҳи пойдор фароҳам омад. Ин таҷриба нишон дод, ки ҳатто ихтилофҳои мураккаб метавонанд тавассути гуфтушунид ва эътимодсозӣ ҳал карда шаванд.
Аз ҳамин лиҳоз, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон на танҳо як дастоварди миллӣ, балки намунаи арзишманд барои омӯзиши равандҳои сулҳсозӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Вақте Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз масъалаи таҳкими сулҳи ҷаҳониро матраҳ менамояд, ин мавқеъ бар асоси таҷрибаи таърихии худи кишвар ташаккул ёфтааст.
Дар ҳуқуқи байналмилалӣ низ ҳалли мусолиматомези баҳсҳо яке аз принсипҳои асосии муносибатҳои байни давлатҳо ба ҳисоб меравад. Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳоро ба истифодаи роҳҳои осоиштаи ҳалли ихтилофҳо - аз ҷумла гуфтушунид, миёнравӣ ва дигар воситаҳои дипломатӣ, даъват менамояд.
«Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» метавонад барои татбиқи амалии ин принсипҳо заминаи васеъ фароҳам оварад. Дар доираи он масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ, пешгирии низоъҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонанд ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гарданд.
Хусусияти муҳими ташаббуси мазкур дар он аст, ки он диққати ҷомеаи ҷаҳониро аз бартараф намудани оқибатҳои низоъҳо ба пешгирии сабабҳои пайдоиши онҳо равона мекунад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пешгирии буҳронҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба ҳалли оқибатҳои онҳо самараноктар мебошад.
Дар ҷаҳони муосир омилҳои ба вуҷуд омадани низоъҳо танҳо бо масъалаҳои сиёсӣ маҳдуд намешаванд. Тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои табиӣ, нобаробарии иқтисодӣ, мушкилоти муҳоҷират, таҳдидҳои киберӣ ва рақобатҳои геополитикӣ низ метавонанд ба суботи байналмилалӣ таъсир расонанд. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ муносибати ҳамаҷониба ва ҳамкории васеи давлатҳоро талаб мекунад.
Дар ин раванд масъалаҳои экологӣ ва захираҳои табиӣ низ бо сулҳу амният робитаи мустақим доранд. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо нишон медиҳад, ки ҳамкории байналмилалӣ дар истифодаи оқилонаи захираҳо метавонад ба таҳкими эътимод ва пешгирии ихтилофҳо мусоидат намояд.
Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногунҷанба рӯ ба рӯ мебошад, зарурати таҳкими ҳамбастагии байналмилалӣ ва ташаккули муносибатҳои нави ҳамкорӣ бештар эҳсос мегардад. Сулҳ имрӯз танҳо масъалаи сиёсӣ набуда, балки омили асосии рушди иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини зиндагии шоистаи наслҳои оянда мебошад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» метавонад ба як платформаи муҳими байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёбад. Ин ташаббус имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои пешгирии низоъҳо, таҳкими муколама, эҳтироми гуногунандешӣ ва рушди фарҳанги сулҳ бештар равона гардад.
Нақши муассисаҳои илмӣ ва марказҳои таҳлилӣ низ дар татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола муҳим мебошад. Илм метавонад барои дарки сабабҳои низоъҳо, таҳияи роҳҳои пешгирии онҳо ва пешниҳоди механизмҳои самараноки ҳамкории байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад. Маҳз пайвастани кӯшишҳои сиёсӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ метавонад барои бунёди низоми устувори сулҳи ҷаҳонӣ замина фароҳам оварад.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳ натиҷаи як қарор ё як санади алоҳида нест, балки раванди доимии эътимодсозӣ, муколама ва масъулияти муштарак мебошад. Кишваре, ки худ роҳи душвори барқарорсозии сулҳро тай намудааст, имрӯз метавонад таҷрибаи худро барои пешбурди фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намояд.
Қабули ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълони солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» нишон медиҳад, ки масъалаи сулҳ дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Ин ташаббус на танҳо ифодаи мавқеи фаъоли дипломатии Тоҷикистон, балки саҳми кишвар дар таҳкими арзишҳои умумибашарӣ мебошад.
Дар ҷаҳоне, ки тағйироти босуръдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ба суботи байналмилалӣ таъсир мерасонанд, танҳо тавассути ҳамкорӣ, эътимод ва эҳтироми манфиатҳои муштарак метавон ба сулҳи пойдор ноил гардид. Аз ин рӯ, ташаббуси мазкур метавонад ҳамчун қадами муҳим дар самти ташаккули фарҳанги нави муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ шавад.
«Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аҳамияти он аз доираи як ташаббуси миллӣ фаротар меравад. Ин иқдом ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳо, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ равона шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббус бори дигар нишон дод, сулҳ ҳамчун арзиши умумии башарӣ бояд на танҳо ҳадафи сиёсӣ, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда бошад.
Фирдавс Алиев -
номзади илмҳои техникӣ,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон