АМИРЗОДА ОРИФ ҲАМИД
Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
13 январи соли 1972 дар н.Куйбышев (ҳоло ба номи А.Ҷомӣ) вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1995 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ (аз рӯи ихтисоси “Обтаъминкунӣ ва рафъи партовобҳо”) хатм кардааст.
Солҳои 1995-1999 |
Ассистенти кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ. |
Солҳои 1999-2003 |
Муаллими калони кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ. |
Солҳои 2003-2006 |
Иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ. |
Солҳои 2006-2007 |
Декани факултети «Технологияи кимиёвӣ ва металлургия» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ. |
Солҳои 2007-2013 |
Декани факултети «Сохтмон ва меъморӣ» - и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ. |
Солҳи 2013-2017
Солҳои 2017-2020
Аз 01.05. 2020 с. то 13.08.2020 с.
13.08.2020 с. то инҷониб |
Муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ. Мудири Шӯъбаи идоракунии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» дар назди КВД “Обу корези Душанбе”. Мудири Лабораторияи “Экология ва рушди устувор”- и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 13 - уми августи соли 2020 таҳти №447 дар вазифаи Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад. |
Соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ ва унвони дотсент мебошад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъватҳои панҷум (2015-2020) ва шашум (2020-2025). Аз соли 1999 то инҷониб аъзои Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон.
Дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.