2 ноябри соли 2026, дар доираи баргузории чорабинии «Дарҳои кушод» дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишҷӯёни курси якуми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба институт ташриф оварданд.
Зимни боздид донишҷӯён бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии институт, самтҳои асосии фаъолияти он, инчунин имконияту дастовардҳои озмоишгоҳҳои илмӣ шинос шуданд. Кормандони институт ба меҳмонон оид ба самтҳои таҳқиқотӣ дар соҳаи