wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 5 майи соли 2025 ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ меҳмонон аз Донишгоҳи илмҳои заминшиносии шаҳри Ухани Ҷумҳурии халқии Чин профессор Сян Джанг ва профессор Сихуэй Гу ташриф оварданд. Дар толори Шурои диссертатсионии институт семинар баргузор гардид, ки онро директори институт доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода А.А. оғоз бахшид. Зимни суханронии худ Гулаҳмадзода А.А. меҳмононро хайрамақдам намуда, онҳоро бо аҳли кормандони институт шинос намуд.

Дар семинари мазкур профессор Сян Джанг баромад намуда ба ходимони илмӣ, олимони институт ва докторантони PhD оид ба навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи олам суханронӣ намуд. Профессор ба кормандон ҳамаи нозукиҳои навиштани чунин мақолаҳо, аз ҷумла интихоби мавзуъ, гузориши масъала, ҳалли мушкилот, натиҷаҳои бадастомада маълумот дод. Дар анҷоми баромад профессорон ба саволҳои кормандон ҷавоб гардонида, барои ҳамкориҳои оянда умедворӣ намуданд.

Директори институт д.и.т. Гулаҳмадзода А.А. баъд аз суханрониҳо профессорони Чинро бо сипосномаҳои институт ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.

 

 

 

Last modified on Панҷшанбе, 08 Май 2025
Яндекс.Метрика