wrapper

Навидҳои рӯз

Мақолаҳо

Оё имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид мекунад?

  Обе, ки Тоҷикистон тибқи квота аз Амударё ва Сирдарё мегирад, ҳамагӣ 40%-аш истифода шуда, 60%-аш беҳуда сарф мешавад.

  Имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид намекунад, мутмаин аст профессори Пажуҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яраш Пӯлодов. Лекин барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) таҳияи барномаи сарфаи об лозим аст.

Муфассал...

Наврӯз – ҷашни ҳамбастагии табиату кайҳон

  Бидуни тардид, Наврӯз ба унвони рӯзи офариниши ҷаҳон, растохези табиат ва нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз дар ҳаёти мардуми ориёӣ, махсусан эронитабор ба сароғози хуҷастаи таърихие пайваст мебошад. Зеро Наврӯз яке аз куҳантарин боварҳои ақвоми эронӣ аст, ки фалсафаи зуҳури он ба бисёре аз қавмҳои дуру наздик нуфуз кардааст. Ба унвони яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид тасвиб гардидани ин рӯз гувоҳ бар он аст, ки доманаи ҳузури ҷашни Наврӯз дар миёни бисёре аз халқияту милали ҷаҳон тӯли асрҳои зиёде густариш доштааст.

Муфассал...

Пажӯҳишгари ганҷинаи Зарафшон

  Ганҷинаи табиати беназиру дилрабои Зарафшон аз аҳди бостон диққати олимону донишмандон, бахусус пажӯҳишгарони илмҳои табиатшиносиро ҷалб кардааст. Зеро ин музофоти зархезу зарафашон, махсусан қисмати болооби водӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон ёдоварӣ шудааст. Тибқи ахбори сарчашмаҳои ҷуғрофии асрҳои X-XII Бутамон аз се қисм: Бутамони аввал, миёна ва охир иборат буда, ба Бутамони аввал қаторкӯҳи Туркистон, ба миёна Зарафшон ва ба охир Ҳисор дохил мешуданд. Аз ин ҷо бармалост, ки тамоми кӯҳистони ҳавзаи рӯди Суғд, яъне Зарафшонро музофоти Бутамон ном мебурданд.

Муфассал...

Обанборҳо – наҷотбахши аҳолӣ аз фалокатҳо

  Мубориза бо офатҳои табиии марбут ба обро одамон ҳанўз аз замонҳои қадим медонистанд. Дар Мисри Қадим ва Месопотамия қисми зиёди обро аз марказҳои асосӣ ба пастхамиҳо равона мекарданд, ки минбаъд обанборҳо пайдо мешуданд. Нахустин дарғот панҷ ҳазор сол пеш дар Сурия, дар дарёи Оронт сохта шуда буд. Ҳамин тавр, дамбаҳо ба вуҷуд омаданд, ки ба воситаи онҳо майдонҳои кишту боғу роғ аз обхезӣ эмин ёфтанд. Таҷрибаи хуби мубориза бо обхезӣ асосан аз Шарқ оғоз ёфта, он аз Мисру Чин ба Аврупо гузашт.

Муфассал...
Copyright © 2022 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология. All Rights Reserved.
Яндекс.Метрика