wrapper

Навидҳои рӯз

24.11.2026. Унвонҷӯи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҷабзода Гуландом рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.
  Ҳимояи рисолаи илмӣ аз рӯйи ихтисоси 2.9. Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист (2.9.6. Экология) баргузор гардид.
  Ин дастоварди илмӣ натиҷаи заҳмати пайваста, таҳқиқоти илмӣ ва саҳми арзандаи унвонҷӯ дар рушди илми экологӣ ба ҳисоб меравад.
  Роҳбарият ва коллективи Институт Раҷабзода Гуландомро бо ин дастоварди муҳимми илмӣ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, таҳқиқотӣ ва касбиаш муваффақиятҳои нав, дастовардҳои назаррас ва комёбиҳои бештар орзу менамоянд!
  Боиси ифтихор аст, ки сафи бонувони соҳибунвони илмӣ боз ҳам меафзояд!
 
 
 
Яндекс.Метрика