Дар қисми асосии ҷаласа лоиҳаҳои барномаҳои илмӣ-таҳқиқотии сохторҳои Институт барои солҳои 2027–2031 муаррифӣ ва мавриди баррасии аъзои Шӯрои илмӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, муовини директор оид ба илм Фирдавс Алиев лоиҳаи «Барномаи илмӣ-таҳқиқотии лабораторияи иншооти гидротехникӣ барои солҳои 2027–2031»-ро таҳти унвони «Таҳқиқи комплексии ҳолат, устуворӣ ва мониторинги иншооти гидротехникӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва хатарҳои сейсмикӣ-гидрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон, сардори шуъбаи экология Саид Шарипов лоиҳаи барномаи панҷсолаи шуъбаро дар мавзӯи «Масъалаҳои экологии дарёҳои бузурги Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» пешниҳод кард.
Инчунин, Шарифхуҷа Раҳмонзода лоиҳаи кори илмӣ-таҳқиқотии озмоишгоҳи «Энергетика, захира ва энергосарфанамоӣ»-ро дар мавзӯи «Таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии истифодабарии таҷҳизоти энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» муаррифӣ намуд.
Пас аз муаррифӣ ва муҳокимаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда, аъзои Шӯрои илмӣ ба онҳо баҳои мусбат дода, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Қайд гардид, ки мавзӯъҳои пешниҳодшуда ба масъалаҳои мубрами илми муосир, аз ҷумла таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани эътимоднокии низомҳои энергетикӣ равона гардида, аҳаммияти муҳими илмӣ ва амалӣ доранд.
Дар идомаи ҷаласа муовини директор оид ба корҳои умумӣ оид ба вазъи ташкили корҳои маъмурию хоҷагидорӣ маълумот пешниҳод намуд.
Дар анҷоми ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ муҳокима гардида, вобаста ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Тоҷикӣ
Русский
English