wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Баромади постдокторантон, докторони PhD ва унвонҷӯёни институт дар Шурои олимон

  Имрӯз, санаи 13 июли соли 2026, дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимони институт баргузор гардид, ки дар он ду нафар унвонҷӯён, ду нафар докторантони PhD ва ду нафар постдокторантони курси якуми институт оиди фаъолияти яксолаи илмии худ ҳисобот доданд.

Муфассал...

Об - меҳвари ҳамгироӣ ё нақши Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар ҳалли мушкилоти глобалӣ

  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои наҷотбахши худ дар соҳаи обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати фаъолу таъсиргузор дар равандҳои муҳими глобалӣ эътироф гардидааст. Кишварҳои ҷаҳон ба нақши фаъоли Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обии сайёра, ки дар меҳвари он наҷоти аҳли башар қарор дорад, баҳои баланд додаанд. Ҳамин аст, ки роҳбарони давлатҳо ва намояндагону коршиносони воломақоми ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ ҷаҳати муколама, табодули афкор ва дарёфти роҳҳои муосири ҳифзи захираҳои обӣ ба маркази тасмимгириҳои масоили мубрами байналмилалӣ - пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе меоянд. Шаҳри Душанбе боз мизбони як ҳамоиши муҳимми ҷаҳонӣ - Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 майи соли равон гардид.

Муфассал...

Пайғоми сулҳи ҷовидона

  «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати кӯҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад». Эмомалӣ Раҳмон

Муфассал...

Мавриди истифода қарор додани озмоишгоҳи энергетика, захираҳо ва энергосарфанамоӣ

  Имрӯз, 6 июл бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи наву замонавии «Энергетика, захираҳо ва энергосарфанамоӣ» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон мавриди истифода қарор дода шуд. Муфассал...
Яндекс.Метрика