wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ

  Имруз, санаи 22 июни соли 2026 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Муфассал...

Ҳисобот оиди фаъолияти илмии Институт дар шаш моҳи соли 2026

  Санаи 22 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи умумӣ баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи шашмоҳаи якуми соли 2026 баррасӣ гардид.

  Директори институт, д.и.т. Гулаҳмадзода А.А. дар назди аҳли кормандон дар бораи фаъолияти институт дар шаш моҳи соли 2026 ҳисобот дод.

Муфассал...

Экспедитсияи саҳроӣ оид ба мониторинги хушксолии кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара

  Дар доираи лоиҳаи «Системаҳои мониторинги хушксолии кишоварзӣ дар асоси технологияҳои мушоҳидаи Замин барои Тоҳикистон»  дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани экспедитсияи  саҳроӣ 18 июни соли 2026 дар ҳудуди н. Данғара, бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои масъули соҳаҳои кишоварзӣ, захираҳои обӣ, идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, идораи заминсозӣ ва геодезӣ, муассисаҳои илмӣ ва маориф иштирок намуданд.

Муфассал...

Вохурӣ бо намояндаи доимии барномаи рушди Созмони милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  17 июни соли 2026 дар ҳошияи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ ва баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ва омӯзиши миллӣ таҳти унвони «Системаҳои мониторинги хушксолии кишоварзӣ дар асоси технологияҳои мушоҳидаи Замин», ки дар Институт баргузор гардид, вохурии директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Судипто Мукерджи ва Роҳбари Дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кристине Товмасиян мулоқот анҷом дод. Муфассал...
Яндекс.Метрика