wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ

   15 сентябри соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шурои илмӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти илмии институт дар 9 моҳи соли 2026 баррасӣ гардиданд.
  Дар кори ҷаласа аъзои Шурои илмӣ, сардорони шуъбаҳо, мудирони озмоишгоҳҳо ва ходимони илмии институт иштирок намуданд. Муфассал...

Саҳми президенти Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии экологӣ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид

  Бо мақсади ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим, ҳифзи захираҳои табиӣ, алалхусус захираҳои гидрологӣ ва таъмини рушди устувори экологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иқдомҳои илман асоснок, саривақтӣ ва ба манфиати инсоният нигаронидаро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардонанд.

Муфассал...

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Санаи 2-юми сентябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур олимону мутахассисон ва докторантону унвонҷӯёни институт иштирок варзиданд.

Муфассал...

Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод!

  Санаи 31 августи соли 2026 ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ, Давлатшо Саломат Қаноат барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, инчунин постдокторанти институт Насруллозода Фарҳод Хуҷа, номзади илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд” аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гадонида шуданд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика