wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 27-уми ноябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ барои соли 2026 баргузор гардид. Дар ҳисоботи мазкур ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, профессор Амонзода Илҳом Темур иштирок намуданд.

  Ҷаласаро муҳтарам Амонзода И.Т. оғоз намуда, суханро ба директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор барои пешкаш намудани ҳисобот оид ба фаъолияти илмии институт барои соли 2026 дар назди ҳозирин пешкаш намуд. Дар рафти ҳисобот, ӯ дар бораи натиҷаҳои корҳои илмӣ, дастовардҳои ба даст оварда шуда ва дигар натиҷаҳои лоиҳаҳо ва фаъолияти илмии институт суханронӣ намуд.

  Баъд аз ироаи ҳисобот аз тарафи Амонзода И.Т. ва ҳозирин музокирот ва пешниҳодҳо оид ба боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти институт пешкаш гардида, ҳисоботи солонаи Институтро барои соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Last modified on Ҷумъа, 27 Ноябр 2026
Яндекс.Метрика