wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Мавриди истифода қарор додани озмоишгоҳи энергетика, захираҳо ва энергосарфанамоӣ

  Имрӯз, 6 июл бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи наву замонавии «Энергетика, захираҳо ва энергосарфанамоӣ» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон мавриди истифода қарор дода шуд. Муфассал...

Конфронси илмӣ-амалӣ ва семинари омӯзишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ бо такя ба экосистемаҳо (Eco-DRR)

26 июни соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ ва семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Кам кардани хавфи офатҳои табиӣ бо такя ба экосистемаҳо (Eco-DRR): таҳкими устувории экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», ки аз 23 то 26 июн ба нақша ширифта, хотима ёфт. Дар тӯли чор рӯз иштирокчиён масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Муфассал...

Институт ҳамкориҳои байналмилалиро бо Донишгоҳи миллии тадқиқотии “Институти муҳандисони соҳаи обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи ш.Тошканд” густариш медиҳад

  25 июни соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бо Донишгоҳи миллии тадқиқотии “Институти муҳандисони соҳаи обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи ш.Тошканд” Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Муфассал...

Дифои рисолаҳои докторӣ фархунда бод!

 Имруз санаи 25 июни соли 2026 дар Шурои дисертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи доктории корманди институт баргузор гардид. Ходими пешбари илмӣ Давлатшоев Саломат Қаноатшоевич дар мавзуи “Рушди назария ва усулҳои идоракунии реҷаи полоишӣ дар зерасоси сарбандҳои баландфишор” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1 Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ (2.1.8. Сохтмони гидротехникӣ) рисолаи доктории худро ҳимоя намуд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика