wrapper

Навидҳои рӯз

  28 октябри соли 2026 Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор, доктори илмҳои техникӣ, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз намоишгоҳи байналмилалии технологияҳои кайҳонии «Thailand Space Expo 2026» дидан намуд. Намоишгоҳ санаҳои 28–31 октябр дар маркази ICONSIAM-и шаҳри Бонкок аз ҷониби Агентии рушди технологияҳои геоинформатсионӣ ва кайҳонии Таиланд (GISTDA) ҳамзамон бо иҷлосияи 32-юми Форуми минтақавии агентиҳои кайҳонии Осиё ва Уқёнуси Ором (APRSAF-32) баргузор мегардад. Дар он агентиҳои кайҳонӣ, ширкатҳои хусусӣ, донишгоҳҳо ва мактабҳои кишварҳои гуногуни минтақа маҳсулот ва таҳқиқоти худро муаррифӣ намуданд.

Моҳвораҳои хурд: аз тарҳрезӣ то хизматрасонии маълумот

Дар намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолкунандаи моҳвораҳо аз Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, Чин, Таиланд ва дигар кишварҳо маҳсулоти худро пешниҳод намуда, ҷонибдори ҳамкориҳои нав мебошанд. Аз ҷумла, ширкати Nara Space Technology (Ҷумҳурии Корея) моҳвораҳои хурди намуди CubeSat ва хизматрасонии пурраро аз тарҳрезӣ ва сохтани моҳвора то идоракунии парвоз ва таҳлили маълумот пешкаш намуд:

платформаҳои стандартии 6U, 12U ва 16U бо вазни то 12, 24 ва 32 кг, ки барои харидорӣ ва насб кардани таҷҳизоти илмии фармоишгар омодаанд;

моҳвораи мушоҳидаи Замин «Observer» бо қобилияти ҷудокунии 1,5 м;

моҳвораи «NarSha» (16U, вазни платформа 15 кг) барои мушоҳидаи метан бо спектрометри 150-канала, қобилияти ҷудокунии 12,5–50 м, мӯҳлати фаъолият на камтар аз 3 сол ва то 5 мушоҳида дар як шабонарӯз дар таркиби гурӯҳи 12 моҳвора;

коркарди тасвирҳо бо зеҳни сунъӣ, ки ба беҳтар намудани қобилияти ҷудокунии тасвирҳо то 3 маротиба имкон медиҳад.

Ҳамчунин ширкатҳои Star-Vision ва платформаи Open Space Ecosystem (OSE, Чин) маълумоти гиперспектралӣ ва моделҳои зеҳни сунъиро барои мониторинги соҳаҳои энергетика, кӯҳкорӣ ва муҳити зисти баҳрӣ муаррифӣ карданд. Ширкати Gulf Space Technology (Таиланд) ҳалли комплексии алоқаи моҳвораӣ ва мушоҳидаи Заминро пешниҳод намуд. Дар павилионҳои ширкатҳои Synspective (маълумоти радарии SAR барои мониторинги обхезӣ) ва ArkEdge Space (Ҷопон) низ технологияҳои навтарини моҳвораӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Технологияҳо барои омӯзиши обанборҳо ва релефи Замин

Дар павилиони ширкати CHC Navtech (Thailand) Гулаҳмадзода А.А. бо таҷҳизоти муосири гидрографӣ ва геодезӣ шинос шуд:

қаиқи худгарди бесарнишини APACHE 4 бо эхолот барои ченкунии умқи обанборҳо, кӯлҳо ва дарёҳо;

эхолоти бисёршуоии HN-400M барои харитасозии дақиқи қаъри обанборҳо;

системаи лидарии ҳавоии AA6 Dual (насб дар ҳавопаймоҳои бесарнишин) ва сканери дастии лидарии RS7 бо дақиқии то 3 см.

Ин технологияҳо барои Тоҷикистон, ки обанборҳои калони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дорад, аҳамияти махсус доранд. Онҳо барои муайян кардани ҳаҷми лойқашавии обанборҳо, мониторинги соҳилҳо ва пиряхҳо истифода мешаванд.

Энергетика ва зеҳни сунъӣ

Дар павилиони Идораи давлатии истеҳсоли нерӯи барқи Таиланд (EGAT) платформаи «AI-Powered Solar Intelligence Platform» муаррифӣ гардид. Ин платформа бо истифода аз тасвирҳои моҳвораии баландсифат ва шабакаҳои нейронии U-Net панелҳои офтобии болои бомҳоро ба таври худкор муайян намуда, иқтидори насбшуда ва потенсиали истеҳсоли нерӯи барқро ҳисоб мекунад ва натиҷаҳоро дар харитаи интерактивии веб-ГИС нишон медиҳад. Чунин таҷриба барои банақшагирии энергетикаи барқароршаванда дар Тоҷикистон низ судманд аст.

Самтҳои истифодаи моҳвораҳо

Маълумоти моҳвораҳои пешниҳодшуда дар самтҳои гуногун истифода мешавад: мониторинги барф ва пиряхҳо, захираҳои об ва сифати он, обхезӣ ва хушксолӣ, сӯхторҳои ҷангал ва ярчҳо, пешгӯии ҳосили зироатҳо, вазъи ҷангалҳо, энергетикаи барқароршаванда, партовҳои газҳои гулхонаӣ (метан ва CO₂), инчунин банақшагирии шаҳрҳо ва назорати инфрасохтор.

Ихтироъҳои донишҷӯён ва хонандагон

Дар намоишгоҳ корҳои донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна, аз ҷумла ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳои миллии Таиланд (Thailand CANSAT Rocket Competition, ки Осорхонаи миллии илм ва Институти технологияҳои мудофиавӣ ташкил медиҳанд, The CubeSat Quest, School Satellite ва Runspace Innovation Challenge) ва озмунҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Павилиони Ассотсиатсияи UNISEC Thailand (Консорсиуми донишгоҳии муҳандисии кайҳонӣ) лоиҳаҳои донишҷӯёни Таиланд ва шуъбаҳои UNISEC дар Малайзия, Филиппин, Ҷопон ва Тайванро муаррифӣ намуд:

Донишҷӯёни Институти байналмилалии технологияҳои кайҳонӣ барои рушди иқтисодӣ (INSTED)-и Донишгоҳи технологии Шоҳ Монгкут дар Бонкоки Шимолӣ (KMUTNB) моҳвораҳои KNACKSAT-ро сохтаанд. KNACKSAT-1 соли 2018 ҳамчун нахустин моҳвораи сохти Таиланд ба мадор бароварда шуд. Моҳвораи KNACKSAT-2 (3U) моҳи феврали соли 2026 аз Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба мадор бароварда шуда, ҳоло дар мадор фаъолият дорад. Мӯҳлати кори он, ба гуфтаи донишҷӯён, қариб 1 солу 9 моҳ аст. Донишҷӯён ба Гулаҳмадзода А.А. сохтор ва таҷҳизоти дохилии моҳвораҳои хурдро шарҳ доданд.

Клуби технологияҳои моҳвораии Донишгоҳи Чулалонгкорн (CUSAT) моҳвораи CUSAT-1-ро барои мониторинги обхезӣ, хушксолӣ ва майдонҳои сӯхта таҳия намудааст.

Дастаи DAEDALUS-и клуби кайҳонии SPACE AC (Assumption College) дар Озмуни байналмилалии AAS CanSat Competition 2026 бо 93 хол аз 100 ҷои якумро ишғол намуд. Аъзоёни собиқи ин клуб ширкати «Igniting Space»-ро таъсис додаанд, ки ракетаҳои тадқиқотӣ ва таҷҳизоти кайҳонӣ месозад.

Хонандагони клуби омӯзиши амалиётҳои кайҳонии (SOS) Мактаби миёнаи намунавии Донишгоҳи Чулалонгкорн (CUD) моҳвораи хурди CANSAT-ро сохтаанд, ки тухми бедонаро ба баландӣ бардошта, бо парашют бехатар ба замин фуруд меорад ва тухм шикаста намешавад.

Дигар лоиҳаи хонандагон, «CU-ECOSAT», бо сенсорҳо ҳарорат ва миқдори гази карбон (CO₂)-ро дар қабатҳои атмосфера чен карда, пас аз ҷамъоварии маълумот ба замин бармегардад.

Лоиҳаи дигар ба ҷустуҷӯи одамони гумшуда равона шудааст. Агар шахс дар ҷангал роҳ гум кунад ва телефонаш хомӯш шавад, дастгоҳ ба ҳамон минтақа парвоз карда, аз рӯи охирин сигналҳои алоқаи телефон ва бо усулҳои интерполятсия ҷойгиршавии ӯро муайян менамояд.

Таҷрибаи Таиланд ва рушди илми ҷавонон дар Тоҷикистон

Ин мисолҳо барои Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд. Санаҳои 19–24 октябри соли 2026 Гулаҳмадзода А.А. ба ҳайси раиси ҳакамони номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» фаъолият намуд. Дар ин номинатсия 106 нафар иштирокчӣ дар чор гурӯҳ аз рӯи синну сол ва таҷриба ширкат варзида, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ҷоизаҳои ҳавасмандгардонӣ муайян гардиданд. Ғолибони озмун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардиданд.

«Ман корҳои хонандагон ва донишҷӯёни Таиланд ва Тоҷикистонро муқоиса намудам. Дар ҳақиқат, ғамхориҳои давлат имрӯз имкон медиҳанд, ки мо дар роҳи рушду тараққӣ қадам занем. Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020–2040)” яке аз самтҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ба мо имкон медиҳад, ки ҳангоми баргузории озмунҳо ба иштирокчиёни сатҳҳои гуногун, чи дар дохил ва чи берун аз кишвар, тавсияҳо ва пешниҳодҳои муфид диҳем», – қайд намуд Гулаҳмадзода А.А.

Ҳадафи оянда: моҳвораи тоҷикӣ

Ба андешаи директори Институт, яке аз самтҳои муҳим он аст, ки хонандагон ва донишҷӯёни мо низ корҳои худро дар соҳаи технологияҳои кайҳонӣ ҷоннок намоянд ва барои истифодаи технологияҳои муосир омода бошанд. Ҳадафи ниҳоӣ он аст, ки миллати бофарҳанги тоҷик моҳвораҳои худро созад ва ба мадор барорад, маълумоти дақиқи моҳвораиро бо қобилияти ҷудокунии баланд ба даст орад ва онро барои таҳқиқот дар самтҳои гуногун ва рушди устувори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ истифода барад.

Дар рафти сафар бо намояндагони ширкатҳо ва донишгоҳҳо оид ба имконияти ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинги моҳвораии захираҳои об, пиряхҳо ва энергетика, инчунин омӯзиши мутахассисони ҷавон гуфтугӯҳо баргузор гардиданд.

 

Last modified on Ҷумъа, 30 Октябр 2026
Яндекс.Метрика