Навидҳо

- Якшанбе, 28 Январ 2024
Байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин Қарордод оид ба тасмими ҳамкориҳо ба имзо расид
Дар доираи татбиқи амалии банди 9.3. Нақша чорабиниҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Хитой аз 7 сентябри соли 2022, инчунин Протоколи ҷаласаи сеюми комиссияи Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин Қарордод оид ба тасмими ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд.
Муфассал...
- Ҷумъа, 19 Январ 2024
Ҷаласаи ҳайати таҳририяи маҷалла
Санаи 19 январи соли 2024 таҳти раёсати директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷалаи илмии «Захираҳои об, энергетика ва экология» Ориф Амирзода ҷаласаи нахустини ҳайъати таҳририяи маҷаллаи мазкур дар соли 2024 баргузор гардид.
Муфассал...
- Сешанбе, 02 Январ 2024
Созишнома ва тавоҳумномаҳои ҳамкорӣ
Давоми солҳои 2021-2023 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо 14 муассисаи илмию тадқиқотии кишварҳои хориҷӣ (Олмон, Швейсария, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон) созишномаю тавоҳумномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид:
Муфассал...
- Сешанбе, 12 Декабр 2023
Суханронии муовини директор дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Санаи 8 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат варзиданд…
Муфассал...