wrapper

Навидҳои рӯз

  Кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ корҳои саҳроӣ ва экспедитсионӣ дар ҳавзаи дарёи Сир анҷом доданд.
Ҳадафи асосии экспедитсия омӯзиши вазъи экологӣ ва арзёбии сифати оби дарёи Сир тавассути ҷамъоварии намунаҳо ва гузаронидани таҳлилҳои илмӣ мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқот барои арзёбии ҳолати муҳити зист, идоракунии устувори захираҳои об ва пешниҳоди тавсияҳои илмӣ ҷиҳати ҳифзи экосистемаҳои обӣ мусоидат хоҳанд кард.

  Ҳамзамон, зимни сафари корӣ бо намояндагони корхонахои марбута дар вилояти Суғд вохӯриҳои судманд баргузор гардида, масъалаҳои роҳандозии таҳқиқоти муштарак оид ба таҳлили сифати обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои чоҳҳои амудӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ин тадбирҳо ба таҳкими ҳамкории илмӣ ва институтсионалӣ, инчунин рушди корҳои муштараки таҳқиқотӣ дар самти мониторинг ва ҳифзи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

\

 

Last modified on Сешанбе, 28 Июл 2026
Яндекс.Метрика