wrapper

Навидҳои рӯз

  Кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои экспедитсионӣ ва саҳроии илмиро анҷом доданд.

Дар доираи корҳои саҳроӣ омӯзиши сифати об ва вазъи экологии дарёи Панҷ ва шохобҳои асосии он, аз ҷумла дарёҳои Ғунд, Шоҳдара, Бартанг, Ванҷ, Язғулом, ва Обихумбоу, гузаронида шуд. Ҳамзамон, барои гузаронидани таҳлилҳои минбаъдаи лабораторӣ аз оби дарёҳо намунаҳо ҷамъоварӣ гардиданд.

Натиҷаҳои корҳои экспедитсионӣ барои арзёбии вазъи экологии захираҳои об, омӯзиши динамикаи ҷараёни об ва муайян намудани омилҳои таъсиррасон ба сифати об дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд.

Яндекс.Метрика