wrapper

Навидҳои рӯз

6–8 августи соли 2026 дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аксияи тарғиботӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулахмадзода Аминҷон Абдудҷаббор ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар роҳандозӣ карда шуд.
Дар ҷараёни баргузории вохӯриҳо бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон масъалаҳои марбут ба аҳамияти таърихию сиёсии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони таърихии бунёди давлати мустақил, таҳкими низоми давлатдорӣ, муайян намудани самтҳои стратегии рушди миллӣ ва татбиқи сиёсати мустақилонаи дохиливу хориҷиро фароҳам овард. Дар ин замина, солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун марҳилаи муҳими рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат арзёбӣ гардид.
Зимни суҳбату мулоқотҳо таваҷҷуҳи махсус ба нақши ташаббусҳои созанда дар рушди устувори кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтор, густариши илму маориф, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист равона карда шуд. Қайд гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар танҳо дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон имконпазир мебошад.
Ҳамзамон, дар доираи аксия ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти он ва ҳадафҳои созандааш таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни вохӯриҳо иброз доштанд, ки Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин ва муҳимтарин дастовардҳои таърихии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳз ба шарофати он барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам омадааст.
Дар ин раванд, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, энергетика, саноат, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа далели равшани таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар рафти аксия инчунин зарурати иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон таъкид карда шуд. Зеро насли ҷавон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози ҷомеа дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва пешрафти минбаъдаи кишвар нақши муҳим дорад.
Гузаронидани чунин чорабиниҳои иттилоотӣ, маърифатӣ ва тарғиботӣ дар шароити имрӯза аҳамияти муҳим дошта, барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва густариши иштироки фаъоли ҷомеа дар равандҳои созанда мусоидат менамояд.

Аксияи мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни тоза бахшид.

Last modified on Душанбе, 10 Август 2026
Яндекс.Метрика