wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо

  Имрӯз (20.01.2023) қалби яке аз олимони шинохта, кимиёшиноси соҳибмактаб, доктори илмҳои кимиё, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология Сафиев Ҳайдар Сафиевич аз тапидан боз монд.

Муфассал...

Баррасии Паём дар ташкилоти ҳизбии «рушди устувор»

  Имрўз (27.12.2022) дар аксар ташкилотҳои ҳизбии воқеъ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои мубоҳисавӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар ташкилотҳои ибтидоии «Ҷомеашинос», «Шарқшинос», «Рушди устувор» ва ғайра бо иштироки аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, олимони шинохта Паёми Сарвари давлатро мавриди баррасӣ қарор дода, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зеро Паём ҳуҷҷати муҳимми сиёсиест, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеаи Тоҷикистонро дар бар гирифта, ҳидоятнамо ба фардои миллат ва раҳнамо ба рушди меҳан мебошад.

Муфассал...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
  Ҳамватанони азиз!

  Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

 Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Муфассал...

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Дирӯз, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.

Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика