wrapper

Навидҳои рӯз

 Санаи 16 сентябри соли 2026 дар Шурои дисертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии корманди институт баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи мудири озмоишгоҳи “Энергетика, захира ва энергосарфанамоӣ” Раҳмонов Шарифхуҷа Сайвалиевич дар мавзуи “Сенарияҳои гидроэнергетикии оптимизатсияи тавозуни захираҳои энергетикӣ ва моделсозии фаъолияти иншоотҳои гидротехникии ҳавзаи дарёи Вахш” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (Phd) – доктор аз руйи ихтисоси 6D.074400 – Сохтмони гидротехникӣ ва иншоот (6D074401 – Сохтмони гидротехникӣ) рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.
Кори диссертатсионӣ дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ иҷро карда шудааст.
Роҳбари илмии рисола доктори илмҳои техникӣ, Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор (Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ) буд.
Дар рафти ҳимоя Раҳмонов Ш.С. ба ҳозирин натиҷаҳои кори илмии худро пешкаш намуда, аҳамиятнокии ин натиҷаҳоро исбот намуд. Аъзоёни Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи олими ҷавонро баланд арзёбӣ намуда, барои ноил шудани ӯ ба дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ дастгирӣ карданд.
 
 
 
 
 
 
Last modified on Душанбе, 21 Сентябр 2026
Яндекс.Метрика