wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Иди Наврӯз муборак!

  Ҳамватанони азиз!

  Шуморо бо фарорасии иди Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо аз самими қалб дӯстии мустаҳкам ва сулҳу субот дар оила, шодиву хурсандӣ, барори кор ва дар зиндагӣ барору комёбӣ таманно дорем. Бигзор бо сабзаҳои нави гандум, ҳаёти нави пур аз мӯъҷизаҳо ва танҳо падидаҳои нек, ободию зебоӣ оғоз ёбад!

Муфассал...

Вохӯрии ИМО,ГЭваЭ АМИТ ва XIEG

 

  Санаи 9 марти соли 2023 дар маҷлисгоҳи вохӯрии намояндагони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИМО,ГЭваЭ АМИТ) бо як гурӯҳ ходимони Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин (Xinjiang Institute of Ecology and Geography, Chinese Academy of Sciences, XIEG) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайатҳоро аз ҷониби ИМО,ГЭваЭ АМИТ, директори институт, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода О.Ҳ. ва аз тарафи XIEG, директори институти мазкур, профессор Чжан Юанмин роҳбарӣ намуданд.

Муфассал...

Дифои кори илмии баъдидокторӣ фархунда бод!

  10 феврали соли 2023 д-р Аминҷон Гулаҳмадов дар Академияи илмҳои Чин кори илмии баъдидоктории худро дар мавзӯъи «Арзёбии таъсири эҳтимолии тағйирёбии иқлим ва фаъолияти инсон ба захираҳои обӣ» дифоъ намуд. Соли 2020 ӯ унвони доктории худро дар доираи барномаи Ташаббуси байналмилалии стипендияҳои президенти Академияи илмҳои Чин (CAS PIFI) гирифтааст.

Муфассал...
Яндекс.Метрика