wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Эълон

     

ЭЪЛОН

  Институт масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия баргузор мегардад, нашри махсуси маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»-ро (Ҷилди 3, №1, 2023) интишор менамояд.

Муфассал...

Сухан аз Иҷлосияи тақдирсоз ва рӯзи Президент

  Санаи 14.11.2022 таҳти раёсати муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои техникӣ Номвар Қурбон дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Муфассал...

Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic World» мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба табъ расид

  Дар шумораи 69-уми маҷаллаи машҳуру бонуфузи «Diplomatic World» чопи  Брюссел мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди муҳимияти роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ ва дастоварду пешравиҳои пойтахти мамлакат ба табъ расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

  Ҳамчунин дар маҷалла оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии устувор дар кишвар, Эъломияи ниҳоии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷо дода шудаанд.

Муфассал...

Дифоии рисолаи докторӣ фархунда бод!

  Санаи 24 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи шӯрои илмии DSc.41/30.04.2021.Т.131.01 дар назди Институти илмӣ-тадқиқотии ирригатсия ва масъалаҳои оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳимояи рисолаи доктории Сардори Бахши илмӣ-таълимӣ ва таҳлилии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулаҳмадов Аминҷон Абдуҷабборович дар мавзӯи «Моделкунонии таъсири тағйирёбии иқлим дар ташаккули оброҳа ва реҷаи гидравликии дарёи Вахш» баргузор гардид.

Муфассал...
Яндекс.Метрика