Навидҳо

- Душанбе, 21 Март 2022
Таҷлили пуршукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз
Санаи 19.03.2022 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Ҷамъомадро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амирзода Ориф Ҳамид ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар ибтидо роҷеъ ба таҷлили Наврӯзи фархундапай иброз дошт: «Наврӯзи оламафрӯз ба унвони қадимтарин ва мардумитарин ҷашни аҷдодии мо, ҳанӯз аз умқи таърих бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Зеро Наврӯз аз маҷмӯи ҷашнҳо иборат буда, аз «чоршанбесурӣ» то «сездаҳбадар»-ро дар бар мегирад. Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашни бархоста аз ҳаводиси табиату гардиши ҷирмҳои фалакӣ дар низоми кайҳон мебошад.
Муфассал...
- Чоршанбе, 09 Март 2022
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Комплекси хоҷагии об: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо»
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Институти масаъалҳои об, гидроэнергетика ва экология
Муфассал...
- Чоршанбе, 26 Январ 2022
Аттестатсия масъулиятро меафзояд
Дар асоси «Оиннома»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, санаи 24 январи соли 2022 дар институти мазкур, таҳти раёсати директори он Амирзода О.Ҳ. аттестатсияи докторантони (PhD) курсҳои 2 ва 3 баргузор гардид.
Муфассал...
- Чоршанбе, 05 Январ 2022
Ҷаласаи умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
5 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотии АМИТ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М.Абдуллозода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори ватанӣ доир гардид, ки дар он гузориши президенти АМИТ Ф. Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ қарор гирифт.
Муфассал...