wrapper

Навидҳои рӯз

  Имрӯз, 10 ноябр дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тақвияти суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ман аввал тоҷикам, баъдан мусалмон» ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо аз мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар машварати корӣ баргузор гардид.

  Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, зимни машварати корӣ ба масъалаҳои ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдату ҳувияти миллӣ, тоҷик ва тоҷикият, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги миллӣ ва тарғиби онҳо тавассути баромадҳои телевизионӣ, радио ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
  Таъкид гардид, ки ҳифзу инкишофи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аз муҳимтарин омилҳои пойдории давлатдорӣ ва ваҳдати ҷомеа ба шумор меравад. Воқеан ҳам арзишҳои миллӣ пояи устувории давлат ва миллат буда, нигоҳдорӣ ва рушди онҳо вазифаи ҳар фарди соҳибмаърифат ва ватандӯст аст. Албатта миллате, ки ба решаҳои таърихӣ ва фарҳанги худ арҷ мегузорад, дар баробари ҳама гуна таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва ҷунбишҳои иҷтимоӣ пойдор мемонад.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони хирадмандона ва сиёсати дурбинонаи худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки шинохти арзишҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ омили муҳимми рушди устувори ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, аҳли илм, олимону муҳаққиқон вазифадоранд, ки ин дастурҳоро ҳамчун барномаи амалии худ пазируфта, дар таҳкими тафаккури миллӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Зимни баррасии масъалаҳо инчунин зарурати ҷалби бештари олимон ба таҳқиқи илмии равандҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ, таҳкими заминаҳои назариявии ҳувияти миллӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ дар самти арҷгузорӣ ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ таъкид карда шуд.

Гуфта шуд, ки аҳли илм бояд дар паҳн намудани ғояҳои созандаи Пешвои миллат, махсусан дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ тавассути баромадҳо дар шабакаҳои телевизион ва радио, инчунин омодасозии мақолаҳои илмӣ-оммавӣ фаъолона саҳм гузоранд.

 

Last modified on Душанбе, 10 Ноябр 2025
Яндекс.Метрика