Аҳаммияти конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об
Дар шароити ҷаҳонишавӣ об ба яке масъалаи амнияти иқтисодӣ, субботи иҷтимоӣ ва таъмини рушди устувори кишварҳо табдил ёфтааст. Тайи ду даҳсолаи охир афзоиши босуръати аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, урбанизатсия ва истифодаи ғайрисамараноки захираҳои табиӣ боиси афзоиши талабот ба захираҳои об гардидааст. Дар чунин вазъият ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», аҳаммияти махсус пайдо кардааст.
Баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, ҳамчун идомаи мантиқии «Раванди оби Душанбе» аҳаммияти калони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро дорад. Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори масъалаҳои обу иқлим назаррас ва муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Бо пешниҳоду ташаббусҳои пайдарпайи ҷаҳонӣ, аз ҷумла эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист масъалаи обро ба сатҳи авлавиятҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ барорад. Ин иқдомҳо на танҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об мусоидат намуд, балки заминаи муколамаи созандаро миёни кишварҳои ҷаҳон оид ба истифодаи одилона ва устувори захираҳои об фароҳам овард.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми ин Конфронс ин фароҳам овардани платформаи муколама байни давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои илмӣ мебошад. Масъалаи вобаста ба захираҳои об, махсусан обҳои фаромарзӣ, хусусияти глобалӣ доранд ва ҳалли онҳо ҳамоҳангии васеи байналмилалиро талаб менамояд. Дар ин замина Конфронс имконият фароҳам меорад, ки таҷрибаи пешқадам байни кишварҳо мубодила гардида, механизмҳои нави ҳамкорӣ таҳия ва сатҳи эътимоди байни давлатҳо тақвият дода шаванд. Барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки масъалаҳои об бо манфиатҳои энергетикӣ ва иқтисодӣ пайванди зич доранд, чунин муколама аҳаммияти стратегиро ба миён меорад.
Об ҳамчун унсури марказӣ дар татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувор нақши асосиро мебозад. Аммо дар шароити тағйирёбии иқлим таъсири он ба дигар соҳаҳо низ фарогир мегардад. Таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳдошти сатҳи саломатии аҳолӣ, рушди соҳаи энергетика ва коҳиши камбизоатӣ бевосита ба дастрасӣ ва идоракунии самараноки захираҳои об вобастагии калон дорад. Дар доираи Конфронс масъалаҳои марбут ба суръат бахшидан ба татбиқи ин ҳадафҳо, бартарафсозии монеаҳои амалишавӣ ва ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Конфронси мазкур имконият медиҳад, ки лоиҳаҳои муҳимми инфрасохторӣ муаррифӣ гардида, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ тақвият ёбад ва механизмҳои нави маблағгузорӣ татбиқ гарданд. Тоҷикистон, ки кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ин раванд имконияти бештарро барои рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими истиқлоли энергетикӣ фароҳам меорад.
Дар баробари ин, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об яке аз масъалаҳои муҳимми ҷаҳони имрӯз ба ҳисоб меравад. Обшавии бесобиқаи пиряхҳо, афзоиши хушксолӣ ва хатари обхезиҳо ба устувории захираҳои об таъсири манфӣ мерасонанд. Тоҷикистон, ки манбаи асосии ташаккули обҳои минтақа ба ҳисоб меравад, дар ин раванд мавқеи устувор дорад. Дар Конфронс ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии устувори захираҳои об ва татбиқи технологияҳои «сабз» диққати махсус равона мегардад, ки барои таъмини амнияти экологӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд инчунин дорои аҳаммияти муҳимми сиёсӣ мебошад. Он ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим мусоидат мекунад. Ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи глобалии об саҳми назаррас дорад. Ин раванд ба рушди дипломатияи об ва тақвияти нуфузи байналмилалии кишвар мусоидат намудаасат.
Ҷанбаи дигари муҳимми ин Конфронс рушди илм ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи идоракунии захираҳои об мебошад. Дар доираи Конфронс масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ, мониторинги захираҳои об ва рушди таҳқиқоти илмӣ баррасӣ мегарданд. Ин омил ба баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисон ва рушди иқтидори илмии кишвар замина мегузорад. Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе ҳамчун як платформаи муҳимми байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои калидии соҳаи об баромад намуда, он ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, пешбурди инноватсия ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.
Дар асри XXI инсоният бо як қатор мушкилоти мураккабу ҳасос ва ба ҳам вобаста рӯ ба рӯ гардидааст, ки дар маркази онҳо масъалаи обу иқлим қарор дорад. Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, камшавии захираҳои оби тоза, ифлосшавии муҳити зист ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ва энергия ба таври ҷиддӣ ба тавозуни захираҳои табиӣ таъсир мерасонанд. Бисёр аз кишварҳои ҷаҳон имрӯз бо норасоии оби нӯшокӣ, хушксолӣ, обхезиҳо ва паст шудани сифати захираҳои об рӯ ба рӯ гардиданд.
Дар чунин шароити мураккаб, нақш ва аҳаммияти Конфронси 4-уми сатҳи баланд дар Душанбе, ҳамчун як платформаи муҳимми ҷаҳонӣ имконият фароҳам меорад, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти умумибашарӣ ҷамъ омада, неру ва захираҳои худро муттаҳид намуда, роҳҳои самараноки ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва тағйирёбии иқлимро таҳия ва татбиқ намоянд. Маҳз чунин платформаҳо метавонанд заминаи коҳиши ихтилофҳо, таҳкими эътимод ва пешгирии буҳронҳои эҳтимолиро фароҳам оваранд. Дар баробари ин, аҳаммияти Конфронс дар ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва иқлим низ хеле назаррас мебошад. Агар масъалаҳои об ва иқлим сари вақт ва бо роҳи ҳамкориҳо ҳал карда нашаванд, онҳо метавонанд ба омилҳои асосии ноустуворӣ табдил ёбанд.
Дар шароити афзоиши таҳдидҳои глобалӣ, Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе на танҳо як чорабинии сиёсӣ, балки як механизми амалӣ барои муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти инсоният дар асри XXI ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аҳаммияти ин Конфронс на танҳо дар муҳокимаҳо, балки дар таҳия ва татбиқи қарорҳои воқеӣ ифода меёбад, ки имрӯз ҷаҳон ба онҳо бештар аз ҳар вақти дигар ниёз дорад.
Фирдавс Алиев
номзади илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба
илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика
ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English