wrapper

Навидҳои рӯз

  Имруз санаи 04 июни соли 2026 дар Шурои дисертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои номзадии ду нафар докторони Phd-и институт баргузор гардид. Абдуллозода Шодмон Абдулло дар мавзуи “Такмили усулҳои назорати сифати сементатсияи саргаҳи қабати намак” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1 Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ (2.1.8. Сохтмони гидротехникӣ) ва Тоирзода Суҳроб Тоир дар мавзуи “Арзёбии хосиятҳои физикию механикии массивҳои атрофи нақбҳои гидротехникии истифодашавандаи баландфишор” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (Phd) – доктор аз руйи ихтисоси 6D.074400 – Сохтмони гидротехникӣ ва иншоот (6D074401 – Сохтмони гидротехникӣ) рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.
  Корҳои диссертатсионӣ дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ иҷро карда шудаанд.
Роҳбари илмии ҳар ду рисолаҳо номзади илмҳои техникӣ, дотсент Давлатшоев Саломат Қаноатшоевич (Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ) буд.
  Дар рафти ҳимояҳои ҳар ду нафар докторони Phd ба ҳозирин натиҷаҳои корҳои илмии худро пешкаш намуда, аҳамиятнокии ин натиҷаҳоро исбот намуданд. Аъзоёни Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояҳои олимони ҷавонро баланд арзёбӣ намуда, барои ноил шудани онҳо ба дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ дастгирии карданд.
  Рисолаҳои номзадии Абдуллозода Шодмон Абдулло ва Тоирзода Суҳроб Тоир бо мақсади дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рўи ихтисоси “Сохтмони гидротехникӣ пешниҳод гардидааст.
Last modified on Ҷумъа, 05 Июн 2026
Яндекс.Метрика