Ҷонибҳо зимни вохурӣ доир ба масъалаҳои обовардҳо, таҳшиншавӣ ва гидроэнергетика мубодилаи афкор намуданд. Дар рафти мулоқот ҳарду ҷониб барои ҳамкории самарабахши оянда изҳори умедворӣ карданд.




Санаи 3 июни соли 2026 ҳайати меҳмонон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шахсияти Эрин Форкер - ҳамоҳангсози корҳои тадқиқотии гидроэнергетика ва инфрасохтори об, Уэйн Г. Поплан - директори минтақавии болооби ҳавзаи дарёи Колорадо, Мелисса А. Фостер - доктори фалсафа аз ихтисоси геоморфология, корманди Гурӯҳи таҳшиншавӣ ва гидравликаи дарёҳо ва Мишел Кимпел Гузман - директори минтақавӣ оид ба муҳити зист, илм, технология ва тандурустӣ дар Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҷонибҳо зимни вохурӣ доир ба масъалаҳои обовардҳо, таҳшиншавӣ ва гидроэнергетика мубодилаи афкор намуданд. Дар рафти мулоқот ҳарду ҷониб барои ҳамкории самарабахши оянда изҳори умедворӣ карданд.



