wrapper

Навидҳои рӯз

Мақолаҳо

«Роғун» - минбари ифтихор ва арсаи номуси миллат!

  Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрўзу оянда хизмат мерасонадОн барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорадБаъди ба истифода додани неругоҳ имкон астки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муфассал...

Татбиқгари ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу экология

  Соли 2022 аз таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва соли 2023 аз саъю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рўзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, яъне аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси нахустин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол сипарӣ мегардад. Бинобар ин, масъалаи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавъам бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об, иқлим ва экология миён омадааст.

Муфассал...

Ориф Амирзода: «Маҳз бар асари гармшавии иқлим беш аз 1000 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд»

  Агар то ибтидои асри ХХ 11% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекарданд, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ 8% ва дар интиҳои асри гузашта ба 6% расидааст. Маҳз бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, то имрӯз беш аз 1000 пирях комилан об шудаанд. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои мамлакат то 20-25% кам мешавад. Дар ин бора Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Ориф АМИРЗОДА ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Муфассал...

Оё имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид мекунад?

  Обе, ки Тоҷикистон тибқи квота аз Амударё ва Сирдарё мегирад, ҳамагӣ 40%-аш истифода шуда, 60%-аш беҳуда сарф мешавад.

  Имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид намекунад, мутмаин аст профессори Пажуҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яраш Пӯлодов. Лекин барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) таҳияи барномаи сарфаи об лозим аст.

Муфассал...
Copyright © 2024 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология. All Rights Reserved.
Яндекс.Метрика