wrapper

Навидҳои рӯз

Мақолаҳо

Татбиқгари ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу экология

  Соли 2022 аз таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва соли 2023 аз саъю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, яъне аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси нахустин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол сипарӣ мегардад. Бинобар ин, масъалаи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавъам бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об, иқлим ва экология миён омадааст.

Муфассал...

Ориф Амирзода: «Маҳз бар асари гармшавии иқлим беш аз 1000 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд»

  Агар то ибтидои асри ХХ 11% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекарданд, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ 8% ва дар интиҳои асри гузашта ба 6% расидааст. Маҳз бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, то имрӯз беш аз 1000 пирях комилан об шудаанд. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои мамлакат то 20-25% кам мешавад. Дар ин бора Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Ориф АМИРЗОДА ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Муфассал...

Оё имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид мекунад?

  Обе, ки Тоҷикистон тибқи квота аз Амударё ва Сирдарё мегирад, ҳамагӣ 40%-аш истифода шуда, 60%-аш беҳуда сарф мешавад.

  Имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид намекунад, мутмаин аст профессори Пажуҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яраш Пӯлодов. Лекин барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) таҳияи барномаи сарфаи об лозим аст.

Муфассал...

Наврӯз – ҷашни ҳамбастагии табиату кайҳон

  Бидуни тардид, Наврӯз ба унвони рӯзи офариниши ҷаҳон, растохези табиат ва нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз дар ҳаёти мардуми ориёӣ, махсусан эронитабор ба сароғози хуҷастаи таърихие пайваст мебошад. Зеро Наврӯз яке аз куҳантарин боварҳои ақвоми эронӣ аст, ки фалсафаи зуҳури он ба бисёре аз қавмҳои дуру наздик нуфуз кардааст. Ба унвони яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид тасвиб гардидани ин рӯз гувоҳ бар он аст, ки доманаи ҳузури ҷашни Наврӯз дар миёни бисёре аз халқияту милали ҷаҳон тӯли асрҳои зиёде густариш доштааст.

Муфассал...
Copyright © 2022 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология. All Rights Reserved.
Яндекс.Метрика